Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF Тоҷикистонро сарзаниш кардааст


Бо вуҷуди дигарбора мумкин шудани дастрасӣ ба панҷ сафҳаи хабарии интернетӣ дар Тоҷикистон, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз маҳдуд кардани дастрасӣ ба ин сомонаҳоро як қадами ошуфтакунанда ба қафо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистон хондааст.


Ин созмон, ки мақараш дар шаҳри Порис аст, мегӯяд, сомонаҳои интернетии charogiruz.ru, tajikistantimes.ru, ferghana.ru ва centrasia.org барои мавҷуд будани танаввӯъи ахбор дар Тоҷикистон бисёр муҳим ҳастанд, зеро расонаҳои мустақили кишвар ҳанӯз бисёр заъифанд. Гузоришгарони Бидуни Марз афзудааст, "Қарор доир ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро бояд додгоҳ содир кунад, на сиёсатмадорон."


Рӯзи панҷуми октябр вазорати мухобироти Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз 12 дастраскунандаи хадамоти интеренетӣ дар кишвар дастур додааст, то дастрасӣ ба панҷ сомона: charogiruz.ru, tajikistantimes.ru, ferghana.ru, centrasia.org ва аrianastorm.com - ро маҳдуд кунанд, зеро ба қавли мақомот ин сомонаҳо барои амнияти иттилоотии кишвар хатар доштааст.


Вазорати мухобирот чанд рӯз баъд аз ин иқдом гуфт, ки бинобар расидани шикоёти зиёд аз созмонҳои мустақил ва байналмилалӣ дастур дод, то дастрасӣ ба он сомонаҳоро имконпазир кунанд. Тоҷикистонро Гузоришгарони Бидуни Марз аз назари озодии баён дар миёни 167 кишвар дар ҷойи 113-ум қарор додааст.
XS
SM
MD
LG