Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишкорон ба Бозиҳои Осиёӣ омода мешаванд


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар омодагӣ мегирад.Ин бозиҳо аз 1 то 15 декабри соли равон дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор мешаванд.

Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт: «Дар Бозиҳои Осиёӣ варзишкорони кишварҳои қора дар 39 ришта рақобат хоҳанд кард. Намояндагони кишвари мо бошанд, аз рӯи 15 намуд - волейбол, футбол, тенниси рӯи миз, бокс, гуштии дзюдо, тирандозӣ, камонварӣ, варзиши сабук, теннис, таэквон-до, тенниси рӯи миз, қаиқронӣ, каратэ-до, вазнабардорӣ ва софт-теннис ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба ҳайати варзишии кишвар ҳамагӣ 195 нафар дохиланд.»

Оқои Бобоҷонов афзуд, шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар беҳтарин варзишкорони ин кишвар ҳимоя мекунанд, ки дар байни онҳо гурзандоз Дилшод Назаров, тирандоз Сергей Бабиков, гуштигирон Парвиз Собиров, Расул Боқиев, муштзан Шералӣ Достиев, таэквондочиён Таҳмина Хоҷаева, Парвина Исомова, камонварон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, даванда Галина Митяева ва дигарон ҳастанд.

Ба гуфтаи оқои Бобоҷонов дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 шурӯъ карда, дар се давраи Бозиҳои Осиёӣ ширкат кардааст. Аз ҷумла варзишкорони тоҷик соли 2002 дар чаҳордаҳумин давраи ин бозиҳо дар шаҳри Бусани Куриёи Ҷанубӣ ҳамагӣ шаш медол - ду нуқра ва чаҳор биринҷӣ ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG