Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Ҳизби Демократи Искандаров дар интихобот


Бахши суғдии Ҳизби Демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров бо вуҷуди таҳрими интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо намояндагони худ дар кумиссиюнҳои ҳавзаӣ ва қитъаии Суғд дар интихобот ширкат хоҳад кард.


Ҷумъабой Ниёзов - сарвари демократҳои Суғд мегӯяд, ин иқдом ба хотири назорат аз ҷараёни баргузории интихобот сурат гирифтааст: «Мо нафарони худро аз кумиссиюнҳои интихоботӣ бозпас нахондем. Ва ба онҳо супориш додем, ки аз равиши таъсиси кумиссиюнҳои интихоботӣ, ҷаласаҳои он ва ҷараёни маъракаи интихоботӣ ба раёсати ҳизб гузориш диҳанд.»


Ба гуфтаи оқои Ниёзов, дар даҳ кумиссиюн, аз ҷумлаи 18 кумиссиюни ҳавзаӣ дар вилояти Суғд ва қисмати зиёди кумиссиюнҳои қитъаӣ узвияти намояндагони Ҳизби Демократи Искандаров пазируфта шудааст. Ӯ афзуд, рӯйхати ин номзадҳо ба кумиссиюнҳои интихоботӣ қабл аз тасмими ҳизби демократ дар мавриди ширкат дар интихобот ва шинохти ин ҳизб таҳти сарварии Масъуд Собиров аз ҷониби вазорати адлия анҷом гирифта буд.


Дар мавриди шинохти ин ҳизб бо сарварии Масъуд Собиров аз сӯи Вазорати адлия намояндагии ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Суғд ахиран бо пахши як изҳороти расмӣ ин иқдомро иштибоҳӣ номид, ки ба гуфтаи ӯ шаффофияти ҷараёни интихоботро доғдор хоҳад кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG