Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастрасии дубора ба сомонаҳои мухолифи давлат


Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон дубора дастрасӣ ба панҷ сафҳаи интернетӣ, ки дар бораи сиёсати давлати имрузаи Тоҷикистон мақолаҳои интиқодӣ ба нашр мерасонанд, имконпазир шуд.


Даврон Олимов-корманди Ожонси танзими иртибототи вазорати мухобироти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вазири онҳо номаҳои зиёди шикоятӣ гирифтааст, ки аксари онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ будаанд.


Ба гуфтаи оқои Олимов, баъд аз дарёфти чунин номаҳои шикоятӣ вазири мухобирот муовини раиси ожонси танзими мухобиротро хоста дастур додааст, ки сафҳаҳои интернетии басташударо дубора боз кунанд.


Рӯзи ҷумъа Ожонси танзими иртибототи вазорати мухобироти Тоҷикистон ба 12 шабакаи фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ дастур дода буд, ки дастрасӣ ба 5 сомона Tajikistantimes.ru, Arianastorm.com, Fergana.ru, Charogiruz.ru, Cetrasia.ru дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шавад.
XS
SM
MD
LG