Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қасам ба номи президент...."


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои нахустин бор қонун дар бораи савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳ ба раиси ҷумҳурии ин кишварро қабул кард.

Абдуманнон Холиқов-раиси Кумитаи амният ва дифои порлумони Тоҷикистон гуфт, лоиҳаи қонуни мазкур аз сӯи Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ва таъйид ба Маҷлис ирсол шудааст. Ба эътиқоди оқои Холиқов, азбаски дар қонуни асосии Тоҷикистон раиси ҷумҳур ҳамчун кафили озодиҳои инсон, амнияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар эътироф шуда ва ӯ ҳамзамон сарфармондеҳи олии Нирӯҳои мусаллаҳ мебошад, зарурати қабули як чунин қонунро ба вуҷуд овардааст. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба эъломи бетарафии нирӯҳои низомӣ ва интизомии кишвар дар муноқишоти соли 1992 таъкид кард, ки қабули ин санади ҳуқуқӣ барои такмили қонунгузории Тоҷикистон дорои аҳамият мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Рамил Нодиров - муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон таъйид кард, ки минбаъд дар Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамзамон бо баргузории маросими савганди садоқат ба Ватан, савганди садоқат ба раиси ҷумҳурӣ мунтахаб низ сурат хоҳад гирифт. Вай гуфт, дар ҳоле, ки шаҳрвандони кишвар раиси ҷумҳуриро интихоб мекунанд, дар ин ҳолат мафҳуми президент ва ватан ҳаммаъно хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз коршиносон қабули қонуни мазкур заминаро барои ривоҷи шахспарастӣ дар кишвар бештар мекунад. Муҳиддин Кабирӣ-вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, чунин асноди ҳуқуқӣ бештар хос ба кишварҳои шоҳигарист:

Қонун дар бораи савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳ ба раиси ҷумҳурӣ дар ҳоле аз сӯи Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии феълии кишвар ба порлумон ироа мешавад, ки кишвар дар марҳалаи маъракаи интихоботӣ қарор дорад ва ҷаноби Раҳмонов ба ҳайси номзад ба ин мақом вориди сабқати интихоботӣ шудааст. Ба ҷонибдории қонуни мазкур аз 49 вакили ҳозир дар ҷаласаи порлумон танҳо як нафар муқобил раъй додааст.
XS
SM
MD
LG