Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав бо Анна Политковская видоъ кард


Дар оромгоҳи Троекурови Маскав маросими видоъ бо хабарнигори нашрияи «Новая газета» Анна Политковская баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор нафар хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқи башар ва мардуми оддӣ ширкат доштанд. Дар маросим гуфта шуд, ки куштори хабарнигори маъруф зарбаи маҳкаме ба озодии баён дар Русия аст. Ҳамзамон созмонҳои хабарнигории Русия аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин куштори Анна Политковская маҳкум накардааст. Аъзои Хартияи хабарнигорони Маскав дар як баёния суол кардаанд, ки "Оё раҳбарияти кишвар куштори яке аз маъруфтарин хабарнигорони Русияро беаҳамият мехонад? Ё онҳо ба фаъолияти Анна Политковская он қадар нафрат доштанд, ки ҳалокати ӯ боиси таассуфашон нашудааст?"
Созмони Афви байнулмилал низ ахиран аз Владимир Путин хост куштори Анна Политковскаяро маҳкум кунад. Дар як нома ба унвони раҳбари Русия Ирен Кан - Дабири Кулли ин Созмон навиштааст, маҳкум шудани қатли хабарнигори маъруф пуштибонии Путин аз хабарнигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро намоиш медод. Маросими ёдбуди Анна Политковская дар Санкт-Петербург, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои Русия низ баргузор шуд. Дар ҳамоишҳо дар назди сафорати Русия дар Киев ва консулгарии Русия дар шаҳри Лвови Украина низ садҳо нафар ҷамъ омада куштори хабарнигорро маҳкум карданд. Дар шаҳри Қурғони Русия маросими ёдбуди Анна Политковская аз сӯи пулис пароканда ва созмондиҳандагони он боздошт шуданд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, рӯзноманигорони кишвар тасмим гирифтанд, ки номзадии Анна Политковскаяро барои ҷоизаи ЮНЕСКО дар бахши озодии баён пешбарӣ кунанд ва дар Русия ҷоизаи ба номи ин хабарнигорро таъсис намоянд.
Ёдовар мешавем, шореҳи нашрияи "Новая газета" Анна Политковская рӯзи 7 октябр дар Маскав аз сӯи афроди номаълум ба қатл расид. Ӯ асосан дар бораи Чеченистон ва вазъи ҷиноӣ дар ин кишвари Қафқози шимолӣ матолиб менавишт.
XS
SM
MD
LG