Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният Бан Ки-мунро ба дабирии кулли СММ тавсия дод


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) имрӯз бо иттифоқи оро вазири умури хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Бан Ки-мунро ба мақоми Дабири кулли СММ барои панҷ соли оянда (сар аз аввали январи соли 2007) тавсия кард. Дабири кулли феълии СММ Кофӣ Анон пас аз ду даври панҷсолии кораш дар ин мақом рӯзи 31-уми декабри имсол ба истеъфо меравад. Раиси даврии Шӯрои амнияти Созмони Милал, сафири Ҷопон дар СММ Кензо Ошима гуфт, шӯро вазифаи худро дар мавриди интихоби номзад сари вақт ба иҷро расонд. Акнун ин тавсияи Шӯрои амният дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид мавриди раъйдиҳӣ қарор хоҳад гирифт. Дар таърихи 61-солаи Созмони Милал ҳанӯз нашудааст, ки Маҷмаъи умумӣ тавсияи Шӯрои амниятро рад карда бошад.
XS
SM
MD
LG