Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин луғати сезабонаи олмонӣ--тоҷикӣ--русӣ


Донишманди тоҷик Соҳибназар Ғайратшоев дар китоби нави худ "Луғати сезабонаи вожаҳои роиҷ" 3000 калимаи олмониро бо муродифи тоҷикӣ ва русии онҳо паҳлуи ҳам гузошта, бо намунаҳои корбурди ин калимаҳо дар ҷумласозӣ онҳоро шаҳр додааст. Дар тафовут бо фарҳангу вожаномаҳои дигар ин луғатнома аз 123 мавзӯъи марбут ба ҳаёти ҳамарӯзаи инсон иборат аст ва ҳар мавзӯъ боз ба андозаи зарурӣ ба бахшҳои хурдтар тақсим шудааст. Дар намунаҳои корбасти калимаҳои олмонӣ аз ҷумлаҳое истифода шудааст, ки на танҳо ба фаъолияти рӯзмарраи инсон бастагӣ доранд, балки ҳамзамон дурахшону хотирнишин мебошанд ва ба воситаи онҳо на танҳо маънии вожа, балки шакл ё шаклҳои он дар ёд нақш мебандад. Дар поёни шаҳри ҳар калима маълумоти марбут ба сарфу наҳви он оварда шудааст. Амалан, ин нахустин вожаномаи сезабонӣ мебошад ва метавонад ҳамзамон барои истифодабарандагони ҳар се забон судманд бошад.

Муаллифи луғат Соҳибназар Ғайратшоев ҳамчунин талош кардааст, бо василаи гузиниши вожаҳо ва ҷумласозии шарҳи корбасти онҳо хосияти фарҳангии мардуми олмонӣ ва тоҷикро низ ба намоиш гузорад. Вай инчунин дар сарсухани китоб навиштааст: "Натиҷаҳои тадқиқоти фреквенсӣ ё чандомади вожаҳои як забон нишон медиҳанд, ки шахси забономӯз баъди аз худ кардани 1000 калима метавонад қариб 80 дарсади ҳама гуна матнҳои муқаррариро ба хубӣ фаҳмида, фикри худро дар мавзӯъҳои рӯзмарра баён кунад. Бо ҳазор калимаи дигар ин рақам ба 8 дарсади дигар боло меравад. Аз худ кардани 100 калимаи минбаъда, ин ададро боз ба 4 дарсад зиёд мекунад. Дар асоси ин арқом гуфтан мумкин аст, ки шахси забономӯз бо донистани 3000 калима метавонад 92 дарсади матнҳоро ба хубӣ дарк кунад."

Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки луғати нави олмонӣ ба тоҷикию русӣ аз 3000 калима иборат аст. Муаллиф хостааст, онҳое ки бо ин китоби нав ошно мешаванд, назари худро ба ӯ бинависанд унвонии сомонаи интернетии ва ё пусти электронии дар Олмон.

Соҳбиназар Ғайратшоев дастпарвари Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе, шаш сол дар Олмон дар риштаҳои германистика ва эроншиносӣ таҳсил карда, ҳамзамон ба донишҷӯёни олмонӣ забони тоҷикӣ ёд додааст. Дар ҳамин муддат Соҳибназар инчунин китоберо бо номи "Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ бо муродифҳои олмонӣ" омода кард, ки соли 1998 дар Олмон ба нашр расид. Ҳамзамон вай як сомонаи интернетиро бо номи "Тоҷикӣ ширинтар аст" таъсис дод, ки муштариёни зиёде дорад.
XS
SM
MD
LG