Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ 20 ҳазор доллар ҷарима баста шуд


Дар як бозии мавқуфгузоштаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ тими «Ориёно»-и Душанбе дар меҳмонӣ аз дастаи «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 4 шикаст хӯрд.

Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи тимҳои пешсафи ҷадвали мусобиқотро тағйир надод. Дар айни ҳол дастаи «ХИМА»-и Душанбе бо 42 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Вахш» -и Қӯрғонтеппа бо 38 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 37 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.
Носир Ҳамидов, сармураббии тими «Ориёно» ба Озодӣ гуфт, ба ҳайати дастаи мо аслан бозигарони ҷавони то 17-сола дохиланд ва онҳо соли 2007 шарафи Тоҷикистонро дар қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Куриёи Ҷанубӣ ҳимоя хоҳанд кард.

Бинобар омодагӣ ва ширкати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 20-сола, мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар лигаи олӣ пас аз бозгашти футболбозони тоҷик аз Ҳиндустон авоили моҳи ноябр идома хоҳад кард.

Дар ҳоле ки тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё омодагӣ мегирад, бо қарори кумитаи интизомии Конфедеросиюни футболи Осиё Федеросиюни футболи Тоҷикистон барои иҷро накардани дастуруламали AFC роҷеъ ба таъйиди айнияти шахсияти бозигарон Аскаржон Равшанов ва Аскарджон Равшанов ба маблағи 20 ҳазор доллар ҷарима баста шуд.

Ин тасмими муҷозот, хабар медиҳад сомонаи интернетии Конфедеросиюни футболи Осиё - www.the-AFC.com, бар асоси асли 16.5-и Оинномаи Конфедеросиюни футболи Осиё итихоз шудааст. Федеросиюни футболи Тоҷикистон 15 рӯз барои шикоят бурдан фурсат дорад.

AFC маълум кардааст, ки бозигарони ҳамному ҳамнасаб ( ба истиснои як ҳарфи изофа дар номи яке) дар талабномаи бошгоҳи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар Ҷоми раиси AFC ва дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозиҳои гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони то 20-сола зикр шудаанд. Соли таваллуди яке аз онҳо дар рӯйхати бозигарони дастаи «Регар» ТадАЗ 1983 ва дигаре дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 1988 мебошад. Ва аммо Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба талаби АFC дар мавриди шарҳи ин вазъият изҳор доштааст, ки Равшановҳо бародаранд ва яке аз онҳо ба Русия сафар кардааст, бинобар ин ҳуҷҷатҳои ӯро тафтиш карда наметавонанд.
XS
SM
MD
LG