Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади як рӯзноманигори рус дар Маскав


Ҷасади Анна Политковская, аз рӯзноманигорони саршиноси Русия ва аз мунтақидони ошкоргӯи ҷанг дар Чеченистон, шомгоҳи шанбе (7 октябр) дар маркази шаҳри Маскав кашф шуд. Вай ба зарби гулӯла кушта шудааст.


Маъмурони пулис гуфтанд, ки ҷасади бону Политковскаяро як ҳамсояаш дар болобар (лифт)-и сохтмони маҳалли иқоматаш пайдо кардааст. Гузориш шудааст, ки дар маҳалли ҳодиса як таппонча ва чаҳор гулӯла низ кашф шудааст.


Вячеслав Росинский, муъовини аввали додситони Маскав гуфт, яке аз фарзияҳои марги бону Политковская "қатли барномарезишуда" аст. Додситонии шаҳри Маскав эълом кард, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса парвандаеро боз кардааст.


Анна Политковская, ки барандаи як ҷоизаи рӯзноманигорӣ буд, дар рӯзномаи "Новая газета" кор мекард. "Новая газета" аз нашрияҳои мухолифи Кремлин ба шумор меояд.


Анна Политковская дар соли 2002, ҳангоми муҳосираи як теотри Маскав аз сӯи шӯришиёни чечен нақши музокиракунандаро дошт. Вай қодир набуд ду сол пеш дар бораи муҳосираи дабиристони Беслон гузориш бидиҳад, зеро пас аз нӯшидани як финҷон чоӣ дар ҳавопаймо масмум ва дар бемористон бистарӣ шуда буд.


Бону Политковская дар бораи Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия ва корзори вай дар Чеченистон низ китобҳои интиқодомезе навиштааст.


Вай дар гузашта боздошт шуда буд ва гилоя мекард, ки баъзан таҳдидаш мекунанд.


Вокунишҳои байнулмилалӣ ба марги фаҷеъи Анна Политковская
XS
SM
MD
LG