Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарҳои ба рӯи Тоҷикистон ҳанӯз нимбастаи СҶТ


шореҳи меҳмон Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) шомил шавад. Музокирот пиромуни ин масъала чанд рўз пеш дар Швейтсария оғоз ёфт.

Бояд гуфт, ки усулан, ин тасмими дуруст аст. Зеро пайвастан ба СҶТ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба базорҳои дигар кишварҳо раҳ ёбад, иқтисод ва тиҷорати хориҷии худро ҳарчи бештар рушд диҳад ва аз ин кор суди бештар ба даст орад. Асри мо асри густариши тиҷорат аст. Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки ҳич кишваре наметавонад бидуни тиҷорат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар пешрафт кунад ва ҳамаи эҳтиёҷоти худро қонеъ гардонад. Хусусан, кишварҳои кўчак, ба мисли Тоҷикистон. Сабаб он аст, ки шароити табиӣ ва имконоти тавлидии кишварҳо гуногун аст. Ва ин боиси торафт амиқтар шудани тақсими байналмиллалии кор гардидааст. Дар чунин шароит густариши тиҷорат миёни кишварҳо як амри табиӣ ва ногузир аст.

Як омили дигаре, ки ба тиҷорати байналмиллалӣ таъсир мерасонад, он аст, ки имконоти техникию иқтисодӣ ва ҳадафҳои сиёсии кишварҳо яксон нест. Баъзе кишварҳо пешрафтаанд, омилҳои хушсифати иқтисодиро дар ихтёр доранд ва бо хароҷоти камтар маҳсулоти хушсифату арзон тавлид мекунанд.Онҳо метавонанд дар бозорҳои ҷаҳон колоҳои худро бо нархҳои арзонтар бифурўшанд ва суд ба даст оранд. Аммо бисёр кишварҳои дигар аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ ақиб мондаанд. Бинобар ин, хароҷоти онҳо барои тавлиди ҳар воҳиди маҳсулот бештар ва тавони рақобаташон камтар аст. Тиҷорати озод онҳоро варшикаст месозад. Аз ин рў, ҳукуматҳои онҳо аз роҳи муқаррар кардани молиёти гумрукӣ ва ё бо истифода аз шеваҳои дигар тавлидкунандагони кишвари худро ҳимоят мекунанд. Илова бар ин, молиёти гумрукӣ яке аз манбаъҳои даромади давлатҳо мебошад. Бинобар ин, сиёсати протексионизмро пеш мегиранд. Аммо ин ба пешрафти тиҷорат ва иқтисоди кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад ва ҳатто боиси тира шудани муносибати байни кишварҳо мегардад.

СҶТ маҳз барои аз байн бурдан ва ё кам кардани монеъаҳо дар роҳи тиҷорати байни кишварҳо таъсис шудааст. Имрўз қариб 150 кишвари ҷаҳон узви ин созмон мебошанд. Онҳо ўҳдадор шудаанд, ки як силсила қоидаҳои умуми тиҷорати байналмиллалиро риоят кунанд, бозорҳои худро ба рўи колоҳои хориҷӣ набанданд, сатҳи молиёти гумрукиро пойин оранд, воридотро бо шеваҳои ғайриқонунӣ маҳдуд накунанд ва нисбати колоҳои якдигар ба табъиз роҳ надиҳанд. Яъне ба ҳама бо як чашм нигаранд. Зимнан, дар Ойинномаи СҶТ муқаррар шудааст, ки ба хотири мусоидат кардан ба пешрафти кишварҳои фақир ба онҳо як силсила имтиёзҳо дода шавад, аз ҷумла колоҳои онҳо бидуни молиёт ворид карда шавад. Илова бар ин, ба онҳо муддати бештар дода шавад, то қавонини худро ба талаботи Созмон мутобиқ созанд.

Тавре ки мебинем, ҳадафи СҶТ ин аст, ки дарвозаҳои иқтисод ва бозорҳои кишварҳои ҷаҳон ҳарчи бештар боз шаванд ва тиҷорати байналмиллалӣ густариш ёбад. Рўиҳамрафта, ин ба суди ҳамагон аст. Аз ин рў, пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ барои кишвар муфид хоҳад буд. Имрўз колоҳои асосии содироти мо - алминиум, барқ, нахи пахта ва миқдоре меваҷот аст. Пайвастан ба СҶТ на танҳо боиси кам шудани содироти ин колоҳо намешавад, балки ба афзудани он мусоидат мекунад. Бозори алминиум, хусусан алминиуми хом, хело тез аст. Барқи мо асосан ба кишварҳои ҷануби Осиё содир хоҳад шуд ва дар он ҷо касе наметавонад бо мо рақобат кунад. Тақозоъ дар бозори нахи пахта низ то рафт меафзояд ва, ба эҳтимоли зиёд, дар ояндаи наздик қимати он боло хоҳад рафт. Гузашта аз ин, Тоҷикистон ва дигар аъзои ин Созмон метавонанд баъзе беадолатиҳое, ки дар ин бахш ҷой доранд, аз байн бибаранд.

Дар иртиботи пайвастан ба СҶТ, заминаи ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳо ва фазои сармоягузорӣ дар кишвар беҳтар хоҳад шуд. Ин имконият медиҳад, ки корхонаҳои мавҷуда бар асоси техноложии муосир таҷдиди сохтмон шаванд ва шумори зиёди корхонаҳои нав бо ширкати сармоя ва технологияи хориҷӣ сохта шаванд. Бино бар ин, ки кишвари мо дар бархе аз риштаҳои иқтисод бартариҳои нисбӣ дорад ва аз захираҳои табиӣ, шароити мусоиди иқлимӣ ва нирўи кори арзон бархурдор аст, бидуни шак, маҳсулоти онҳо дар бозорҳои байналмиллалӣ тавони рақобатро хоҳанд дошт ва содироти онҳо афзоиш хоҳад ёфт. Хусусан, агар роҳҳои мо ба сўи халиҷи Форс ва уқёнусҳои Ҳинду Ором ҳарчи зудтар боз шаванд.

Ҳамин гуна, дар бахши воридот ҳам мушкил не, балки беҳбудӣ ҳосил хоҳад шуд. Бисёр намудҳои колоҳои санъатӣ, ба вижа таҷҳизоту мошинолотро мо умуман тавлид намекунем. Бештари онҳо аз Чин ва бархе кишварҳои ҳамсоя ворид мешавад. Ва аксаран сифаташон хуб нест. Илова бар ин, сатҳи молиёти гумрукии Тоҷикистон низ хеле пойин аст. Дар чунин шароит пайвастан ба СҶТ, мумкин аст, боиси зиёдтар ва арзонтар шудани колоҳои гуногуну хушсифат дар бозорҳои Тоҷикистон гардад. Ин ба суди кишвар аст. Вале, ин ҳама маънои онро надорад, ки Тоҷикистон барои пайвастан ба СҶТ сад дар сад омода аст ва ин кор ҳеч хатаре надорад. Дар саҳнаи тиҷорати озод хатари зарар дидан ва ҳатто варшикаст шудани тавлидкунандагони заъиф ва гирифтори мушкилоти иқтисодию иҷтимоъӣ шудани кишварҳои ақибмонда хеле бештар аст.
XS
SM
MD
LG