Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини аввали вазири адлия бо шарҳи қазияи ҲДТ


Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод Ҳанӯз ҳам ҳарфи аввали маҳофили сиёсӣ қазияи Ҳизби демократ аст. Радиои Озодӣ барои ташреҳи бештари ин қазия бо Рустам Менглиев, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон сӯҳбат орост ва нахуст аз ҷаноби ноиби авввал хоҳиш шуд, ки тасмими худ дар мавриди эътирофи Масъуд Собиров ба ҳайси раиси ҲДТ бар иваз аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро шарҳ бидиҳад:

РМ: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз Вазорати адлия дархост карда буд, ки номгӯи ҳизбҳои сиёсие, ки дар вазорат сабти ном шуда буданд, ба онҳо пешниҳод намояд. Шашуми сентябр Вазорати адлия номгӯи ҳизбҳои сиёсии сабтшударо пешниҳод намуд ва дар байни онҳо Ҳизби демократи Тоҷикистон бо роҳбарии Искандаров нишон дода шуда буд. Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби гурӯҳи аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо роҳбарии Собиров масъалаи баргузории анҷумани ғайринавбатӣ ва интихоботи роҳбарияти нави ҳизб ба миён гузошта шуда буд. Собиров ва пайравонаш тибқи оиннома барои даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб амалҳои оинномавиро анҷом медиҳанд ва понздаҳуми август Собиров ва пайравонаш ба раёсати марказии Ҳизби демократ ариза бо се саду чилу чор имзои узви ҳизб пешниҳод менамоянд ва талаб менамоянд, ки анҷумани ғайринавбатии ҳизбро доир кунанд, лекин раёсати марказии ҳизб бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб Ниёзов комиссияи тафтиши имзоҳоро таъсис медиҳад ва ба тафтиши дурустии имзоҳо шурӯъ мекунад, ки ин иқдом, ин амалро худи оинномаи ҳизб пешбинӣ намекунад.

Вобаста ба муроҷиати ҳар ду тараф Вазорати адлия ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи тарафҳоро омӯхта ба хулосае омад, ки мутобиқи оинномаи ҳизб даҳ фоиз аъзои ҳизб ҳуқуқи даъвати анҷумани ғайринавбатиро доранд ва ҳамзамон ба хулосае омадем, ки раёсати марказии ҳизб амалҳои хилофи оинномаро анҷом медиҳад ва ӯҳдадории оинномаи худро вобаста ба ворид гаштани талаботи гузаронидани анҷумани ғайринавбатӣ иҷро накардааст.

Бинобар ин Вазорати адлия аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хоҳиш намудааст, ки дар рӯйхате, ки мо пешниҳод намудем ба ҳайси роҳбари ҳизби демократ Собиров эътироф карда шавад ва санадҳои анҷумани ғайри навбатии ҳизби демократи Тоҷикистон аз 27- август ва 17- сентябри соли ҷорӣ ба инобат гирифта шавад.

АҚ: Масъулони Ҳизби демократи Искандаров мегӯянд, ки дар оинномаи мо даҳ фоизи аъзо ҳақ доранд барои даъвати анҷуман вале бо мувофақа бо раёсати марказӣ. Даъвати анҷуман ва рӯзи баргузории анҷуманро танҳо раёсати марказии Ҳизби демократ муаяйн мекунад. Пас бидуни мувофақа бо раёсат чӣ гуна ин гурӯҳ анҷуман даъват карда ва ин анҷуман аз ҷониби вазорат ба расмият шинохта шудааст? Ин хилофи оиннома нест магар?

РМ: Худи раёсат амалҳои ғайриқонуниро содир кардааст. Мо низ ба ин чиз баҳо додем . Барои он ки раёсат ҳуқуқи санҷиши дурустии имзоҳоро набояд мекард. Даҳ фоизе, ки иқдом карданд анҷуман гузаронанд ва анҷуманро онҳо тибқи ҳамон оиннома ки ҳуқуқи талаб кардан ва гузаронидан ҳам доштанд онҳо бо тибқи оиннома амал караданд. Баръакс, ба фикри мо раёсат набояд чунин амалҳоро мекард ки боиси муқовимати байни тарафҳо шавад.

Мо фикр мекунем ки Собиров ва пайравонаш ҳуқуқ доштанд, ки ин анҷуманро гузаронанд. Худи раёсат ҳуқуқ надошт, ки ҳуқуқи онҳоро маҳдуд созад. Бинобар ин дар ин ҳолат роҳи ҳимояи ҳуқуқи ин аъзоёни ҳизб дар чист? Савол мекунанд, ки барои чӣ даҳ фоиз ҳуқуқ доштаасту навад фоизи дигар ба ин чиз набояд эрод гиранд. Не, даҳ фоиз ҳуқуқи даъвати анҷуманро доранд ва онҳо даъват намуданд ва дар худи дохили ҳизб чӣ гуна овозҳо тақсим шудааст ё нашудааст, ки муқобил ки тарафдор, инро на мо гуфта метавонем , на ба фикрам раёсати марказӣ бо роҳбарии Ниёзов.

АҚ: Вақте, ки дар дохили ин ё он ҳизб баҳс бармехезад, оё ин баҳсро бояд Вазорати адлия баррасӣ кунад ё ин ки додгоҳ? Чун то рӯзи сабти Собиров масъулони Вазорати адлия мегуфтанд, ки ин кори дохилиҳизбист ва онро бояд додгоҳ ҳал кунад. Пас чӣ зарурат пеш омад, ки ин тағйирот дар самтгирии вазорат дар ин замина ба вуҷуд биояд?

РМ: Мо ҳоло ҳам фикр мекунем, ки ин амале, ки дар дохили ҳамин ҳизб шуда истодааст, ин кори дохили ҳизбӣ аст.

АҚ: Аммо шумо раиси навро эълон кардед?

РМ: Не, барои чӣ? Барои он ки мо ҳуқуқи эълон кардан - накардани раисро надорем ё ки эътироф кардану накарданро. Мо ҳизбро ба қайд гирифтагӣ ҳастем. Ҳизб ҳизби амалкунанда аст. Тибқи қонун ба мо мисол ки ба мо раис ҳаст, ки нест, мо ин масъаларо ҳал ҳам намекунем. Ин кори худи ҳизб аст.

АҚ: Шумо мегӯед, ки мо ҳуқуқи эътирофи раисро надорем, вале дар заминаи эътирофи Вазорати адлия Комиссиюни марказии интихобот номзади ҳизби демократи Собировро ба интихобот қонунӣ шуморид, яъне Шумо ба КМИР мактуб дода раёсати Собиров ба Ҳизби демократро таъйид кардед...

РМ: Ба фикрам, нодуруст аст гуфтан, ки ҳизби Собиров Ҳизби демократ аст ё ки ҳизби Ниёзов гӯем Ҳизби демократ аст, ин тавр масъалагузорӣ тамоман нодуруст аст. Ҳизби демократ ҳаст ва он як ҳизб аст ва аз соли 1991 амал мекунад, дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабти давлатӣ гирифта шудааст ва ин ҳизби ягона аст. Мо вобаста ба муроҷиати тарафҳо дурустии амалиётҳое, ки Собиров анҷом додааст ва мутобиқати онро ба оиннома эътироф намудем. Бинобар ҳамин ҳам ин маънои онро надорад, ки ҳизб наметавонад, ин масъалаҳоро дубора баррасӣ намояд, проблема нест. Ҳозир агар ҳизб тибқи оинномааш анҷумане даъват кунанд, боз ягон хулосаи дигар ба қарори худашон тибқи оиннома қабул кунанду ба мо пешниҳод кунанд, проблема нест, мо мегӯем, ки дуруст ҳамин анҷуман анҷом ёфтааст.

АҚ: Шумо мегӯед, ки ҳар коре, ки Вазорати адлия дар ҳамин замина кард, дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ анҷом дод?

РМ: Мо фақат вобаста ба муроҷиати ҳар ду тараф ба он ҳодисаҳое, ки дар дохили ҳизб тӯли ҳамин сол шуд баҳо додему хулосаи худамонро додем. Ҳизб агар нодуруст арзёбӣ намояд, марҳамат додгоҳ ҳаст, марҳамат аз болои амалҳои мо метавонад ба додгоҳ арз намояд.

АҚ: Баъд аз оне ки Вазорати адлия номзадии намояндаи Ҳизби демократи Собировро ба мақоми раисҷумҳурӣ эътироф кард, ҳоло Шумо мегӯед, ки онҳо ба додгоҳ бояд муроҷиат кунанд. Инро чӣ гуна мешавад талаққӣ кард?

РМ: Вақте ки мо дар бораи муносибати дохилиҳизбӣ мегӯем, ин як чиз аст, ва вақте ки дар бораи муносибати ҳизб бо вазорат гап мезанем, ин як чизи дигар аст. Ман, инҷо, дар бораи муносибати ҳизб на ҷиноҳи Ниёзов ё ки Собировро дар назар дорам, умуман ҳизб ва вазоратро дар назар дорам . Муносибати ҳизб ва вазорат - марҳамат, агар ҳизб фикр кунад, ки вазорат нодуруст рафтор карда истодааст, ки ғайриқонунӣ амал карда истодааст, марҳамат, ба додгоҳ муроҷиъат кунад, дар он ҷо ин масъаларо баррасӣ менамоянд.

АҚ: Ҷиноҳи Собиров анҷуман барои пешниҳодии номзад ба мақоми раисҷумҳуриро дар аввали сентябр доир кард. Вазорати адлия инҳоро эътироф кард дар охири моҳ, яъне тақрибан дар ин миён ду-се ҳафта гузашт. Он анҷуманро масъалан шумо қонунӣ эътироф кардед ва номзадии онҳо ҳам ҳамчун муддаии курсии раиси ҷумҳур имрӯз дар комиссияи марказии интихобот сабти ном шуд. Яъне то ин ки Шумо инҳоро ба расмият шиносед, ҳоло қонунӣ набуданд, пас чӣ гуна онҳо анҷуманро пештар гузаронданд, дар давраи он ки ҳоло онҳо аз вазорат эътироф нашуданд?

РМ: Бояд қайд намуд, ки вазорат то муроҷиати ҳарду тараф ба санҷиши ин ҳолат шурӯъ накарда буд. Баъд аз он ки ҳарду ҷониб лозим шумориданд ки пешниҳод намоянд, то он замоне ки мо ин чизҳоро гирифтему омӯхтем, албатта, вақте гузашт. Мо, албатта, гуфтем дар аввал, ки мо 6-уми сентябр рӯйхати ҳизбҳоро ба КМИР додем, лекин ҳанӯз ҳамон вақт корҳои омӯзишӣ аллакай оғоз шуда буд. Мо то имрӯз ҳамин чизро баррасӣ накардем, чунки муроҷиати худи ягон тараф набуд. Лекин мо ин чизҳоро меомӯхтем, анализ мекардем, як омӯзиши дохилии худамонро мебурдем. Мо медидем ки чӣ ҳолату ҳодисаҳое дар ин ҳизб ба вуҷуд омада истодааст. Бинобар ин ки вақте ки мо ба хулоса омадем ки ҳамин чиз дуруст аст, баъд мо мактуби худро ба КМИР иваз намудем.

АҚ: Вазорати адлия метавонист ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна овозаҳо, ки ҳизби демократ интихоботро таҳрим карду ва дафъатан Вазорати адлия бо дастури мақомоти боло ҷиноҳи Собировро ба расмият шинохт, ин чизҳо масъалан пештар сурат мегирифт. Вақте Шумо руйхати ҳизбҳоро пешниҳод мекардед мегуфтед, ки ҳоло дар ҳизби демократ баҳсҳо идома дорад, мо наметавонем бигуем, ки раис кӣ аст, дар ҳоле ки Шумо 6-уми сентябр нома задед ба КМИ раисии Искандаровро тасдиқ кардед, ҳоло он ки анҷумани Собиров аз ин пеш гузашт, аз ин мӯҳлат. Ва инҳо номзадашонро пешниҳод карданд ба мақоми раисҷумҳурӣ, дар ҳоле ки сабти ном нашуданд, яъне Шумо фикр намекунед, ки Вазорати адлия як нав ба ташаннуҷи авзоъ ҷомеаро таҳрик медиҳад.

РМ: Умуман мо ба он ҳолате ки ба вуҷуд омадааст ҳам баҳои ҳуқуқӣ медиҳем ҳам баҳои сиёсӣ медиҳем. Фикр кардан нодуруст аст, ки Вазорати адлия намефаҳмад, ки оқибати чунин амал чӣ аст чӣ шуданаш мумкин аст ин нодуруст аст. Ҳамаи он суханҳо ва овозаҳои имрӯзҳо ба Вазорати адлия нигаронида шудааст гӯё ки бо супориши ҳукуматдорон шудааст мо ин чизҳоро пешгӯӣ карда метавонистем. Лекин мо аз нуқтаи назари ҳифзи ҳуқуқи конститутсионӣ шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нуқтаи назари ҳифзи ҳуқуқи он аъзои ҳамин ҳизби демократ, ки тибқи ойинномаи ҳамин ҳизб амал мекунад, мо ин чизҳоро, ба ин чизҳо баҳо додем. Ва вобаста ба ҳамин чизҳо , вобаста ба ҳамин хулосаҳои худ мо ба чунин хулоса омада ба комиссияи марказӣ муроҷиат намудем.

Бинобар ин фикр карданд, ки Вазорати адлия баҳои яктарафа дода истодааст чандон дуруст намешавад. Он чизе ки вазорат кардааст, дар чорчӯбаи қонун кардагӣ аст ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф карданӣ нестем, ки чизе ки вазорат кардааст нодуруст аст ва мо кӯшиш ҳам намекунем, ки чизи нодурустро ба сифати чизи дуруст пешниҳод кунем. Он чизе ки Ниёзов (гурӯҳи Ниёзов) интихоботро таҳрим намудааст ин ҳам ба қароре, ки мо қабул кардем ягон дахолат ё ки ягон заррае таъсир накардааст ва агар ин чиз иқдоме, ки мисол Собиров кард, иқдоми ҳукумат мешуд, ин чиз мумкин барвақттар ба вуқӯъ мепайваст, на дар вақти интихобот.

АҚ: Ба ҳар ҳол, ҳозир агар Ниёзов даҳ дар сади имзоҳоро ҷамъ кунад биёрад ба Шумо, Шумо дафъатан мегиред сабти ном мекунед?

РМ: Гап дар он нест, ки кӣ ба мо имзоҳо мебиёрад, гап дар он аст, ки даҳ фоизи аъзоёни ҳизб ҳуқуқи даъвати анҷуманро доранд, кифоя нест, ки вай бояд 10-фоиз фақат имзо биёрад, вай бояд ҳатман анҷуманро тибқи ойинномаи худашон гузаронанд.

АҚ: Агар ин корҳоро кунанд, Шумо аз нав онҳоро сабти ном мекунед?

РМ: Вобаста ба он ҳуҷҷатҳое, ки онҳо пешниҳод мекунанд ва ҳама ҳуҷҷате, ки ба мо дохил мешавад, мо баҳо медиҳем. Мо тибқи қонун муросилаи дохилаи худамонро кушода наметавонем, барои ҳамин ҳам ба ғайр аз оне ки ӯ ҳамин иқдомро ба анҷом диҳад, вай бояд тибқи ойиннома амалҳои ойинномавиро анҷом диҳад ва баъд мо боз ба ин чиз баҳо медиҳем.
XS
SM
MD
LG