Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз бӯҳрон дар равобити Гурҷистону Русия кӣ бурд хоҳад кард?


Дуруд ба мухлисони Майдони Баҳси Озодӣ! Нахуст, ташаккур барои бардоштани ин масъала, ки ман бисёр муҳим медонам. Бо дарназардошти монандии мо бо Гурҷистон. Барои чӣ мардуми мо дар чунин моҷароҳои Русия бо кишварҳои ҳамсояш доиман зуд аз дуюмӣ тарафдорӣ мекунанд? Ман даъват менамоям, ки мо Гурҷистонро дастгирӣ намоем. Оё Гурҷистон ҳақ надорад, ки ҷосусоне, ки ба ҳукуматашон барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани ин кишвар аз қисмҳои худмухтораш кумак мекунанд, дастгир намуда, ҷазо бидиҳад? Гурҷистон ин масъалаи дохилии худашро ҳақ дорад, ки худ ҳал бикунад бо дастгирии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ба ин ҷараён Русия набояд халал расонад. Бо ҷорӣ сохтани чунин таҳримҳо ва мамонеъатҳо ба як кишвари кӯчаки ҳамсояаш Русия дипломатияи паст ва ноуҳдабароёна нишон медиҳад. Кишваре, ки худ аз давлатчаҳои ниммустақилли зиёд таркиб ёфтааст, бояд ба ҳамҷавори худ барои нигаҳ доштани якпорчагии давлаташ ёрӣ кунад, вагарна худ рӯзе ба чунин ҳолат гирифтор хоҳад шуд. Чи хеле ки мо мегӯем: "Чоҳкан зери чоҳ"... Ҳоли ҳозир Русия аз нуфузи афзояндаи Амрико дар минтақаҳои нуфузи собиқаш дар ҳарос шуда, ҳарчи бештар ба корхои дохилии кишварҳои ҳамсояаш дахолат мекунад... Бо арзи сипос ва таманнои сиҳҳатмандии шумо,
Ботур Қосимӣ (Испандиёри Истаравшанӣ)
__________________________

Салом ба Радиои Озодӣ! Ба фикри мо, аз ин бӯҳрон Русия бурд хоҳад кард, зеро раҳбарони Гурҷистон набояд аз ёд бароранд, ки қариб 800 ҳазор шарҳванди Гурҷистон нонашро дар Русия меёбад. Давлатҳои шӯравии собиқ дар минтақа бояд бо Русия ҳамкорӣ кунанд, зеро шумори зиёди шаҳрвандони ин кишварҳо дар Русия ба сар мебаранд. Вақте ки иқтисоди ин кишварҳо ба қадри кофӣ рушд намуд, яъне тахминан баъд аз даҳ сол мардикорӣ дар Русия коҳиш меёбад. Хулоса, дар бозии шоҳмоти байни Русия ва Гурҷистон Русия бурд мекунад. Дар интихоботи ояндаи Гурҷистон ҳақиқати ҳол маълум мешавад. Бо эҳтироми бузург дӯсти шумо
Дипломат
__________________________


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG