Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия ангурпарвар хоҳад шуд?


Гармшавии саросарӣ боиси тағйири фавқулодаи ҳавои олам хоҳад шуд.
Ин суханонро мушовири илмии ҳукумати Британия Дейвид Кинг дар нишасти вазирони ҳифзи муҳити зист ва энергия дар шаҳри Монтерреи Мексика иброз доштааст. Кинг афзуд, ки агар миқёси партови бухорҳои саноатӣ дар сатҳи имрӯза боқӣ монад, дар давоми 30 соли оянда ҷаҳон шоҳиди мавҷи обхезиҳову гармо, тундбодҳо ва соиши соҳилҳо хоҳад шуд.
Як дараҷаи Селсий баланд шудани гармии саросарӣ дар асри гузашта боиси рӯидани ҷав дар Гренландияи яхзада шуду, кишоварзони Испания бо хушкӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Вакилони нишасти ғайрирасмии Монтеррей кифояти энергетикӣ ва имкони нигаҳдории гази карбон диоксид (CO2)-и муассисаҳои истифодабарандаи ангишт дар зери заминро баҳс карданд.
Дар ҳамин ҳол пажӯҳишгоҳи фаронсавии ОНЕРК, ки бо таҳқиқи тағйири иқлими олам машғул аст, навиштааст: Болоравии ҳарорати саросарӣ кишварҳои шимоли Аврупоро ба ангурпарварӣ мутобиқ хоҳад кард. Имрӯз дар Британия ва Дания шароб тавлид намешавад, вале агар суръати гармшавӣ бетағйир монад, аз эҳтимол дур нест, ки баъди чанд солпешбинии пажӯҳишгоҳи ОНЕРК тасдиқ шавад. Коршиносони СММ тахмин мекунанд, ки то соли 2100-ум ҳарорати миёни олам тақрибан 5,8 дараҷаи Селсий боло хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG