Ҳарчанд то баргузории интихоботи раиси ҷумҳур дар Тоҷикистон як моҳ боқӣ мондааст, аммо аксари ҷавонони мусоҳибамон мегӯянд, оид ба интихобот ва барномаҳои номзадҳои пешниҳодшуда маълумоти кофӣ надоранд ва ҳатто аксари номзадҳоро намешиносанд. Маҳина, донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои кишвар мегӯяд, ҳамсабақон ва дӯстони ӯ аслан оид ба интихобот миёни ҳам ҳарф намезананд.
«Чуноне ки ман медонам дар байни ҷавонон оид ба интихобот фикрҳо нестанд ва онҳо ба интихобот ҳам тайёр нестанд, чунки онҳо он панҷ номзаде, ки дар баробари сарварамон иштирок мекунанд, намешиносанду аз фаъолияташон огоҳ нестанд. »
Аммо як гурӯҳи дигари ҷавонон бар он назаранд, ки бетафовутӣ ба интихобот ин беаҳамиятӣ ба зиндагӣ ва ояндаи худи онҳост. Лекин аксари ҷавонон нисбати номзадҳои дигаре, ки ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмонов дар интихобот ширкат мекунанд, эҳсоси нобоварӣ доранд.
«Дар байни ҷавонон ҳамин гуна ақидаҳо ҳаст, ки агар Эмомалӣ Раҳмонов интихоб нашавад иқтисоди кишвар хеле паст меравад, зеро то он вақте, ки раисҷумҳури нав Тоҷикистонро хуб меомӯзад, панҷ ҳафт соли дигар лозим аст.»
«Албатта имрӯз иддае аз роҳбарони созмонҳо тарғиб карда истодаанд, киро? Он шахсе ки арзанда аст яъне Эмомалӣ Раҳмоновро. Ман як ақидаи дигар дорам, ки ду ҳизб интихоботро ғайриқонунӣ шумориданд, гӯё ки ин ҳама сохтакорӣ асту намояндаи ҳизби халқи демократӣ пешакӣ муайян аст ва ҳатман интихоб хоҳад шуд. Аммо ба фикри ман ин рақобат аст.»
Дар баробари андешарониҳо оид ба интихобот зимни сӯҳбат аксари ҷавонон иброз медоштанд, ки онҳо аз интихоботи қарибулвуқӯъ эҳсоси ҳарос низ мекунанд. Чаро чунин аст?
«Аз ҳеҷ ҷиз наметарсам зеро медонам, ки аксари мардум раисҷумҳури ҳозираамонро интихоб мекунанд.»
«Аз он дар ҳарос ҳастам, ки дар рафти интихоботи кишвари мо чун дигар ҷумҳуриҳо ба мисоли Украина дар вақти интихобот кашмокашиву бесарусомониҳо ба миён наоянд. Зеро ин кишварҳои ҳамсоя бо дахолати кишварҳои хориҷа, ҳодисаҳои нохуш руй дода буд. Умедворам, ки дар Тоҷикистон чунин нахоҳад шуд ва маъракаи сиёсии мо бо тинҷӣ баргузор мегардад.»
«Ман аз чӣ ҳарос дорам аз он, ки имрӯз як қувваҳое пайдо шуданд, ки фикри мардумро вайрон мекунанд.»
«Ман аз он метарсам, ки ҷавонони мо шояд дар дуроҳа қарор гиранд ва надонанд, ки киро интихоб кунанд. Зеро ҷавонон дигар номзадҳоро намешиносанд ва ман гумон мекунам, ки аксарияти овозҳо ба як нафар яъне оне, ки беҳтараш мешиносанд дода мешавад.»
Дар баробари эҳсоси тарсу ҳарос дар дили ҷавонон шӯълаи умед медурахшад. Ба ҳар сурат онҳо умед ба зиндагии нек доранд. Мусоҳибонам гуфтанд, бовар доранд, ки ҷавонони ба умқи мушкилҳои бешумор фурӯ рафта роҳи ҳалли душвориҳояшонро пайдо мекунанду ҳадди ақал ҳазорҳо муҳоҷирони дар ғурбат овораву сарсон ба ватан бармегарданд.
«Умеду орзуҳо зиёд аст ва мехоҳам, ки кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ шиносанд.»
«Раҳбари давлат, ки интихоб шуд, фикр мекунам, ҳама ҷо тинҷию оромӣ мешавад. Зеро сарвари давлат шояд таҳаввулоте дарорад, ки ба ҳамаи ҳизбҳо маъқул шавад ва онҳо якҷо ҳамкорӣ намоянд.»
«Умеди ман чун дигар интихобкунандҳо дар он аст, ки бояд моро он нафаре идора кунад, ки вазъи мардумро хуб донаду барои мардум шахси мӯнису ғамхор ва меҳрубон ва ғамхор.»
Аксари коршиносон бетаваҷҷӯҳии теъдоди аъзами ҷавононро ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар каммаълумотии онҳо мебинанд. Зеро ба гуфти онҳо барои баланд бардоштани маърифати интихоботии ҷавонон корҳои на чандон зиёд андешида шудааст.