Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ТадАЗ - барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон


Тими футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2006 гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 5 октябр дар варзишгоҳи марказии пойтахти ин кишвар баргузор шуд, тими «ХИМА»-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод.

Нахуст дар дақиқаи чаҳоруми бозӣ Иброҳим Рабимов, аз дастаи «Регар» ТадАЗ тӯбро вориди дарвозаи «ХИМА» кард. Баъди нӯҳ дақиқа Раҳматуллоҳ Фузайлов, бозигари «ХИМА» ҳисобро баробар намуд. Хуршед Маҳмудов, аз тими «Регар» ТадАЗ дар дақиқаи ҳабдаҳум голи дуввуми дастаашро ба самар расонд. Нимаи аввали дидор бад-ин гуна поён ёфт. Қисми дуввуми бозӣ ҳисобро тағйир надод.

Иброҳим Рабимов ҳамчун бозигари беҳтарини "Регар" ТадАЗ бо мошини сабукрави тамғаи "Жигули - 07" сарфароз гашт.

Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистони соҳибистиқлол понздаҳумин бор доир шуд. Ҳамагӣ нӯҳ даста барандаи Ҷом гаштааст. Тими «Регар» ТадАЗ аз ҳама бештар - чаҳор бор Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Футболбозони шаҳри Турсунзода соли гузашта низ дар мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон пирӯз шудаанд.
XS
SM
MD
LG