Чопхонаи «Шафеъӣ» бо дастури Вазорати фарҳанги кишвар аз чопи рӯзномаи «Адолат» - нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон худдорӣ намуд.
Раҷаби Мирзо, сардабири рӯзномаи «Адолат» ба радиои Озодӣ гуфт, вақте шумораи охирини «Адолат» омода шуд, ба рӯзнома масъулини чопхонаи «Шафеъӣ» занг зада гуфтанд, ки Вазорати фарҳанг ба онҳо дар мавриди чоп накардани рӯзномаи «Адолат» дастур додааст.
«Аз он чӣ сари Ҳизби демократу рӯзномааш омад, як хулоса метавон кард: он даъвоҳое, ки қаблан дар бораи пурқувват будани ҳукумати Тоҷикистон ва гӯё он ки ҳукумат мехоҳад як оппозитсия ва расонаҳои бақуввати озод дар мухолифат бо худ доштан мехоҳад, дурӯғ будаанд. Имрӯз заъфи ҳукумати Тоҷикистон рӯшан шуд. Рӯшан шуд, ки имрӯз як рӯзнома метавонад заъфи ин ҳукумати бақувватро ба ҷамъият нишон диҳад. Яъне мешавад гуфт, ки ҳукумати, ба қавли баъзеҳо бақувват, аз як рӯзномае ҳам тарс дорад, ки ҳамагӣ дар 8 саҳифа чоп мешавад»
Рӯзномаи «Адолат» моҳи август маротибаи чандум чопашро аз сар гирифт ва аз сӯйи ҳоло Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров чоп мешуд. Аммо баробари аз сӯйи Вазорати адлияи кишвар эътироф шудани Масъуд Собиров ба сарварии ҳизби демократи Тоҷикистон ҷиноҳи мазкур низ ҳаққи чопи «Адолат»-и худро пайдо кард.
Мирзобадал Бадалов, масъули бахши матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, намояндагони Ҳҳизби демократи Масъуд Собиров ба Вазорати фарҳанг муроҷиат карда гуфтаанд, ки онҳо ҳизби эътирофшуда аз сӯйи Вазорати адлия ҳастанд ва рӯзномаи «Адолат» моли онҳост.
«Он қанот ба мо муроҷиат кард, ки рӯзномаи «Адолат» нашрияи Ҳизби демократии Тоҷикистон аст ва сардабирашро қисмати ба қайд гирифтаи Вазорати адлия бояд таъйин кунад ва рӯзнома супоришҳои ҳамин ҳизбро иҷро кунад. Қисмати дигар ба рӯзнома набояд роҳбарӣ кунад»
Масъуд Собиров дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ иттилои Вазорати фарҳангро таъйид кард ва гуфт, аз ҳоло ҳайати нашрияи «Адолат» иваз карда шуд ва сардабири он Муҳаммадиброҳим Ҷабборов аз собиқадорони ҳизб интихоб шудааст.
Ва аммо, Марат Мамадшоев, коршиноси масоили матбуот мегӯяд, рӯзномаи «Адолат» ягона минбари озод ва баёни ақидаи озод буд. Аммо акнун ба он ки ба унвони як нашрияи озод ба нашр хоҳад расид, шак дорад. Вай афзуд:
«Яке аз сабабҳо ин амалан аз чоп монондани рӯзномаи «Адолат» аст, яъне яке аз сабабҳои табадуллот дар Ҳизби демократ ҳамин омил аст»
Дар ҳамин ҳол, ба қавли Раҷаби Мирзо, рӯзномаи «Адолат» ба теъдоди 99 нусха ва бо андозаи А4 чоп шуд ва минбаъд низ бо ҳамин теъдоду андоза ба нашр хоҳад расид.

Ба ошхонаю чойхонахо ин ОФАТИ НАСИЯ меоя. Насяхурхои бевозврат
Бо Рузи 8-уми Март Тамоми Занхои Точикистон ва тамоми хайати кори бонувони Радиои Озодиро табрик намуда ба онхо пеш аз хама хушбахти дар оила, тансихатиро хохонам. Муборак бошад Бонувон Идатон. 😍😍😍😍😍❤️❤️❤️❤️❤️❤️👋👋👋👋👋👋
90 фоизи нархаш аз коррупсия ва порадиҳи сохта шудааст, барои ҳамин ин қадар қиммат, тақрибан ҳар як чорогакрр ба нархи Айфони 12 насли нав насб кардаанд))
Комилан дуруст. Баъзан мебинед, ки дар забони форсии хозира бо таъсири забонхои аврупои иборахои нав ворид шудаст ва на он кадар ба мантик дуруст меоянд, вале мо дурусти худро партофта, надурусташон кабул мекунем. Мисол, "барои бори аввал" кабул карданд баъзе "забондонхои бохабар" чои "аввалин бор" аз форсии хозира, ки тарчимаи тахтуллафз аз забони англисист.
Ин ҳукумат давно муфлис шудагӣ, фақат парашюти пропагандаи патриотизми дурӯғин ва доду фарёди роғунсозӣ онро нигаҳ дошта истодаанд. Он парашют як рӯз медарад, чунки ҳаррӯза хабарҳои интернет дар он сурохиҳо канда истодаанд ва ин ҳукумат бо ҳама дегу косааш ба замин хоҳад хӯрд.