Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айдар Оқоев аз ваколатномааш маҳрум шуд


Дар нишасти имрӯзааш, камиссиюн инчунин Муродбек Маллабоевро низ аз ваколати парлумонӣ маҳрум кард. Туйғуналӣ Абдураҳимов, раиси Камиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, ки чунин тасмим мувофиқи Сарқонуни Қирғизистон гирифта шуд:


"Айдар Оқоев ва Муродбек Маллабоев тӯли соли охир берун аз Қирғизистон ба сар бурдаанд. Соли гузашта онҳо дар ҳеҷ як нишасти Ҷогоргу Кенеш - парлумони Қирғизистон иштирок накарданд. Дар Сарқонун навишта шудааст, ки агар вакил кишварро тарк кунад, ва ё дар нишастҳои маҷлис ба таври доимӣ иштирок накунад, дар ин сурат ваколати ӯ боздошта мешавад. Мо мувофиқи қавонини бунёдии Қирғизистон амал кардем"


Ҳам Маллабоев ва ҳам Айдар Оқоев соли 2005 дар пайи раъйдиҳии баҳсбарангез ба парлумон роҳ ёфтанд ва ин ҳодиса сабаби тарки кишвар кардани раиси ҷумҳурӣ Аскар Оқоев ва аҳли оилаи вай шуд. Мақомоти Бишкек мегӯянд, ки Маллабоев, яке аз наздикони Оқоев, феълан дар Маскав ба сар мебарад. Рӯзи чоршанбе додситонии кулли Қирғизистон гуфт, ки алайҳи Айдар Оқоев ду парвандаи ҷинойӣ боз шудааст, аммо на нисбати падари вай. Мунаққидон мегӯянд, ки раиси ҷумҳурии пешини Қирғизистон ва аҳли оилаву наздиконаш бахши муҳими иқтисоди ин кишварро таҳти назорат дароварда буданд.
XS
SM
MD
LG