Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи дубораи ҳафтаномаи "Адолат"


Баъд аз нашри ҳамагӣ чаҳор шумора чопи ҳафтаномаи «Адолат» - нашрияи Ҳизби демократи Искандаров боз мутаваққиф шуд ва шумораи имрӯзаи он дар шакли барга, дар чаҳор варақи компютерӣ бо теъдоди 99 нусха чоп шуд.


Раҷаби Мирзо, сардабири «Адолат»-и ҲДТ-и Искандаров мегӯяд, матбааи мустақили «Шафеъӣ», ки нашрия тӯли як моҳ дар он чаҳор шумораи худро чоп карда буд, ин навбат аз чопи ҳафтанома худдорӣ кардааст. Раҷаби Мирзо афзуд, дар ин матбаа ба ӯ гуфтаанд, ки аз Вазорати фарҳанг дастур шудааст, то «Адолат»-е, ки сардабираш Раҷаби Мирзо аст, чоп нашавад.


Дар дақоиқи омода кардани хабар бо масъулини Вазорати фарҳанг дар ҳоли тамос будем ва аммо гуфта мешавад, тасмими қатъи чопи ин рӯзнома ба дунболи тасмими Вазорати адлия дар мавриди эътирофи Масъуд Собиров ба унвони раҳбари Ҳизби демократ ва аз эътибор соқит донистани раҳбарияти собиқи он, аз ҷумла, сардабирии Раҷаби Мирзо дар «Адолат» гирифта шудааст.


Масъуд Собиров, ки ахиран аз ҷониби Вазорати адлия расман раҳбари ҲДТ эътироф шудааст, ба сомонаи Озодӣ гуфт, ки тасмими Вазорати фарҳанг дар пайи як номаи расмие бо имзои ӯ сурат гирифтааст ва нома бад ин мазмун, ки куллия ҳуқуқ дар мавриди нашри маводе аз номи ҲДТ ба раҳбарияти нави ин ҳизб тааллуқ дорад. Ҷаноби Собиров ҳамчунин гуфт, дар назар аст, ки ҳизби ӯ чопи дубораи "Адолат"-ро дар рӯзҳои наздиктарин, то шурӯъи интихобот ба роҳ бимонад. Сардабире, ки анҷумани Ҳизби демократи Собиров барои "Адолат" таъин кардааст, Муҳаммадиброҳим Абдуҷабборов ном дорад.


«Адолат» баъд аз таваққуфи дусола қабл аз ҷашни истиқлоли Тоҷикистон нашри дубораи худро ба роҳ монда буд. Раҷаби Мирзо, ки он замон кафили мақоми сардабирӣ буд, ба сомонаи Озодӣ гуфта буд, ки бо матбаа тавофуқе сари чопи муназзами нашрия ҳосил шудааст.


Ва аммо сафҳаи аввали баргаи имрӯзаи «Адолат»-и ҲДТ-и Искандаровро «Ҳабдаҳ суоли раҳбарияти ҲДТ (манзур, ҳизби Искандаров. Шарҳи Озодӣ) ба вазири адлияи Тоҷикистон» оро медод.
XS
SM
MD
LG