Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи қазияи ҲДТ аз сӯи дафтари СММ дар Тоҷикистон


Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон омӯзиши қазияи сабти ном шудани Ҳизби демократи Масъуд Собиров ва шикояти Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар ин робитаро оғоз кардааст.


Валдамир Рокошевский мушовири сиёсии намояндагии Созмони милал дар Тоҷикистон бо таъйиди ин матлаб муроҷиати расмии Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров унвонии ин созмонро далели аслии оғози як чунин таҳқиқ унвон кардаст. Оқои Рокошевский бо ишора ба ин мавзӯъ ба радиои Озодӣ гуфт: «Барои баррасии вазъи ба миён омада мо ба як давраи замонии омӯзишӣ ниёз дорем. Номаи ирсол доштаи Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров унвонии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин муроҷаиати расмии он ба номи Дабири кулли Созмони милалро мо дарёфт кардаем. Ҳамчунин дар ин замина мо аз баргузории нишасти матбуъотии дирӯзи Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар шаҳри Душанбе ва матолиби дар он матраҳ шуда дар ҷараён ҳастем.»


Ҳамзамон оқои Рокошевский афзуд: «Ман феълан моил нестам пеш аз анҷоми таҳқиқи мавзӯъ чизе мушаххасу дақиқ дар ин бора бигӯям. Зеро лозим аст то мавзӯъ дақиқ аз сӯи мо баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор бигирад. Аз ин лиҳоз мехоҳем барои дарёфти ошноии комил бо мавзӯъи дар миён буда дар қадами аввал ҳам бо мақомоти Ҳизби демократии Искандаров ва ҳам Ҳизби демократи Собиров мулоқот намоем. Ва танҳо баъд аз ин мавзеъи расмии намояндагии Созмони милал дар Тоҷикистон дар робита ба қазияи баҳсбарангези ду қисм шудани Ҳизби демократи ин кишвар тавассути матбуъот эълом мегардад.»


Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир матни баёния ва муроҷиати Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров унвонии ин созмонро мавриди пажӯҳиш қарор дорад, вале гуфта мешавад аснод танҳо баъд аз анҷоми омӯзиши пурраи мавзуъ ҳамроҳ бо хулоса ва тавзеҳоти Дафтари таҳкими сулҳи СММ унвонии дабири кулли СММ фиристода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG