Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин сармоягузории Қазоқистон ба иқтисоди Русия


Русияву Қазоқистон дар бораи таъсиси як корхонаи муштараки тасфияи газ дар вилояти Оренбурги Русия тааҳҳуд бастаанд. Ин созишнома дирӯз, 3 октябр зимни дидори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Остона ба имзо расид. Корхонаи муштарак ба тасфияи газ аз кони қазоқии Қарочағонак машғул хоҳад шуд. Қарор шуда, ки як бахши гази тасфияшуда дар ихтиёри Русия қарор мегирад.

Созишномаи марбутаро ширкати русии Газпром ва ширкати қазоқии Қазмунайгаз имзо кардаанд ва тибқи ин санад, корхонаи муштарак бояд соли оянда дар заминаи як корхонаи тасфия газ, ки дар Оренбург амал мекард, таъсис ёбад. Қазоқистон барои бунёди ин корхона ваъдаи 355 миллион доллар сармоя кардааст. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъсиси корхонаи муштарак дар Оренбургро нахустин сармоягузории бузурги кишвараш ба иқтисоди Русия номидааст.

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев ҳамчунин дар бораи бунёди як корхонаи муштараки ғанисозии ураниум, ки таҳти назорати байналмилалӣ ва дар қаламрави минтақаи Сибири шарқии Русия амал хоҳад кард, тавофуқ кардаанд. Қарор аст, ин корхона низ аз соли оянда ба фаъолият шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG