Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Энергетик" - ғолиби мусобиқоти лигаи аввал


Тими футболи «Энергетик»-и Душанбе ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи аввал гардид.

Ин даста дар 16 дидор 37 имтиёз ба даст овардааст. Бозигарони «Энергетик» дар 11 бозӣ ғалаба карда, чаҳор бозиро мусовӣ анҷом додаанд ва танҳо дар як дидор шикаст хӯрдаанд. Таносуби тӯбҳои «Энергетик» беҳтарин аст. Футболбозони ин даста ба дарвозаи ҳарифонашон 40 гол зада, аз дарвозаи худ 10 тӯб сар додаанд.

Тими «Гвардия»-и Душанбе, новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ бо «Баракат»-и Шаҳринав, ки рӯзи чоршанбеи 4 октябр баргузор мешавад, бо 31 имтиёз мақоми дуввумро ишғол кард.

Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт: "Бар асоси низомномаи мусобиқот «Энергетик» ва «Гвардия» барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар соли 2007 роҳхат гирифтанд. Вале барои роҳхати севвум ба лигаи олӣ ду даста - «Апрелёвка»-и Қайроққум ва «Баракат»- и Шаҳринав талош меварзанд. «Баракат» имкон дорад, ки дар мавриди ҳадди ақал мусовӣ кардани бозии охирини худ ба мақоми севвум даст ёбад."

Натиҷаи бозии охирини мусобиқот байни тимҳои «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат ва «Ҳосилот»-и Данғара мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир нахоҳад дод. Ва аммо Олим Юсуфов, бозигари тими «Ҷавонӣ», ки бо 12 гол дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал аст, имкон дорад, шумори голҳояшро афзун намояд. Худойдод Нусратов, аз тими «Ҳисор»-и Ҳисор бо 9 гол дар мақоми дуввум мебошад.
XS
SM
MD
LG