Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрикову Аврупо аз қарори Тифлис


Бенита Ферреро Волднер, кумиссари равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) бо истиқбол аз нақши САҲА дар ҳалли таниши байни Гурҷистону Русия аз он ду кишвар даъват кардааст, ки аз ин ба баъд бо кор гирифтан аз хештандорӣ ба манзури бурунрафт аз таниши кунунӣ роҳи музокиротро пеша кунанд. Хонум Волднер гуфта, Тифлису Маскав бояд ҳама роҳҳои мумкини миёҷигиро истифода кунанд ва ИА низ омода ҳаст дар байни онҳо нақши миёнҷиро бозӣ кунад.


Амрико низ аз тасмими ахири Гурҷистон истиқбол кардааст. Бӯҳрони байни Маскаву Тифлис як мавзӯъи аслии гуфтугӯи дирӯзаи телефонии руъасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин будааст.


Бино ба навиштаи РИА Новости, Путин дар ин сӯҳбат аз сӯи кишварҳои дигар иттихоз шудани иқдомотеро, ки Гурҷистон ба нишони ҳимоят маънидодаш кунад, ғайриқобилиқабул хондааст.


Дар ҳамин ҳол, Дэн Фрид, ёвари вазири хориҷаи Амрико аз Русияву Гурҷистон даъват кард, ки дар интихоби баёнҳо хештандорӣ нишон диҳанд. Дэн Фрид зимнан кӯмаки Амрико дар роҳи ҳалли низоъҳои Абхозистону Осетияи Ҷанубиро пешниҳод кардааст.


Рӯзи душанбе Гурҷистон 4 афсари дар ин кишвар бо иттиҳоми ҷосусӣ боздоштшудаи артиши Русияро ба дасти намояндагони САҲА супурд. Шоми душанбе ин афсарон ба Маскав расиданд. Боздошти ин 4 афсар дар ҳафтаи гузашта таниши шадидеро дар равобити байни Русияву Гурҷистон барангехт ва Русия бо тавқифи хуруҷи нирӯҳояш аз 2 пойгоҳи воқеъ дар Гурҷистон сар аз рӯзи душанбе ҳар навъ иртиботи нақлиётиву мухобиротӣ бо Тифлисро низ қатъ кард.
XS
SM
MD
LG