Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сафири худро аз Тифлис фаро хонд


Русия мегӯяд, ки сафири худро аз Тифлис, пойтахти Гурҷистон фаро хондааст.Ин иқдом як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки мақомоти Гурҷистон чаҳор афсари русро ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт карданд.


Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин ба хотири "хатари физоянда ба амнияти атбоъи Русия" аз шуморе аз кормандони худ ва хонаводаҳояшон хостааст, ки Гурҷистонро тарк кунанд.


Бозгашти ин афрод ба Русия рӯзи 29 сентябр оғоз мешавад. Ин иқдом бо истифода аз ҳавопаймоҳои вазорати умури изтирории Русия анҷом хоҳад шуд.


Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки аз сафар ба Гурҷистон худдорӣ кунанд.


Пештар Сергей Иванов, вазири дифоъи Русия боздошти чаҳор афсари русро як амали "бедодгарона" тавсиф карда буд.


Рӯзи чаҳоршанбе (27 сентябр) Вано Мерабишвили, вазири дохилаи Гурҷистон гуфт, ки он чаҳор афсар аз ҷумлаи аъзои хадамоти истихбороти низомии Русия будаанд. Вай гуфт, ки афсарони рус ҳамроҳ бо беш аз даҳ тани дигар дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон ва шаҳри бандарии Ботумӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG