Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ довталаби курсии президентӣ шуд ва кӣ нашуд ва чаро?


Нашрияи «Миллат» хабар додааст, ки ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, мавқеи худ дар мавриди барои бори саввум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданро рӯшан кард ва анҷуми Ҳизби халқӣ демократӣ ӯро ба ҳайси номзади худ ба ин мақом пешбарӣ кард.

«Миллат» ҳамчунин аз ҷараёни баргузории анҷумани се ҳизби дигари сотсиал-демократ, демократ ва наҳзати исломии Тоҷикистон гузориш дода ва менависад ин се ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо номзади худ ширкат нахоҳанд кард. Ва ба навиштаи нашрия аммо ин дар ҳолест, ки ҳизби сотсиал демократ ва демократии Тоҷикистон ба ин иктифо накардаанд. Рӯзнома менависад, ҳизби сотсиал демократ бар асоси чанд далели худ баргузории интихоботи президентии соли 2006-ро ғайриқонунӣ ва пешбарии Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати ширкат дар интихоботро хилофи қонуни асосии кишвар унвон кардааст.

Вале дар матлабе навиштааст, дар анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон гуфта шуд, бо манзури он ки ин ҳизб ислоҳоти қонуни асосӣ дар соли 2003-ро таҳрим карда буд ва иштирок карданаш дар ин интихобот ғайримантиқист ва ба қароре омаданд, ки интихоботи президентии соли 2006-ро низ таҳрим кунанд. Аммо ҳамзамон хабар додааст, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз пешбарии номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ худдорӣ кард, вале ба қароре омадаанд, ки дар ин интихобот ширкат кунанд.

Дар зимн нашрия бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сӯҳбати ихтисосиеро анҷом дода ва бо манзури худдории номзади ҳизб дар интихобот аз суол кардааст, ки худи ӯ дар интихоботи 7 сол баъди раёсати ҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард? Оқои Кабирӣ ба ин суоли нашрия посух додааст: «То интихоботи президентии оянда ба қавли мардум «Худо подшоҳ». Як узви раёсати олии ҳизби мо ҳангоми мавзӯи баррасии ширкат дар интихобот нимшӯхӣ гуфт, ки шояд ин охирин интихоботи президентии кишвар бошад, зеро кишварҳои Осиёи марказӣ майл ба таъсиси шоҳигариҳо доранд ва шояд институтҳои президентӣ аз байн хоҳанд рафт».

Вале дар ҳамин ҳол, нашрияи «Азия плюс» хабар додааст, ки ҳизби коммунисти Тоҷикистон номзадии Исмоил Талбаков, вакили маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кард.

Ва ҳамзамон нашрия изҳороти Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дар муқобили изҳороти муштараки ҳизби сотсиал- демократ ва ҳизби демократи Тоҷикистон дар мавриди ғайриқонунӣ будани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва пешбарии номзади Эмомалӣ Раҳмонов ба ин интихоботро нашр кардааст. Ба навиштаи «Азия плюс» дар изҳорот гуфта шудааст, ки далелу асноди дар изҳороти муштараки ҲСДТ ва ҲДТ сабтшуда хусусияти авомфиребӣ дошта, ҳадафи аслии он ба иштибоҳ андохтан ва маълумоти бардурӯғ расонидан ба намояндагони созмонҳои байналмилалии нозир, васоити ахбори омма ва шаҳрвандон мебошад.

Аммо дар ҳамин ҳол бо истинод ба назари коршиносон рӯзнома дар матлаби дигар навиштааст, ки таҳрим эълон кардани интихоботи раиси ҷумҳурӣ аз сӯи демократ ва сотсиал-демократҳо иштибоҳи бузург аст. Зеро онҳо як имконияти аслии дар миёни мардум баланд бардоштани мақом ва пуштибонии ёфтани худро аз даст доданд.

Дар робита ба ин ҳафтаномаи «Вақт» дар мавзӯи «Чаро номзад ба Президентӣ нашудед» як ҳамапурсӣ гузаронидааст, ки бештарини пурсидашудагон посух додаанд, ки имконияти ширкат дар интихобот ҳамчун номзадро надоранд ва мутмаинанд дар муқобили раиси ҷумҳури феълӣ рақобат карда наметавонанд.

Ҳамчунин нашрияи «Азия плюс» дар матлабе хабар додааст, ки аҳзоби мухолифи ҳукумат аз фаъолияти кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар мавриди ба ҳамаи аҳзоб пешниҳод накардани имконоти баробар нигаронӣ кардаанд.

Аммо ин дар ҳолест, ки анҷумани шашуми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳарчанд номзади худ ба интихоботи раёсати ҷуҳмуриро муаррифӣ накардааст, вале ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат кардааст, ки муасис ва раиси собиқи ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон қадр карда шавад. Ва дар зимн аз эътирофи хидматҳои марҳум Нурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ёдоварӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG