Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварии Буш дар миёни Карзай ва Мушарраф


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш сарони Афғонистон ва Покистон Ҳомид Карзай ва Парвиз Мушаррафро ба ҳамкории наздик дар баробари таҳдидҳои террористӣ даъват кард. Вай ин нуктаро дар оғози зиёфате зикр кард, ки ба шарафи Карзай ва Мушарраф дар Кохи Сафед созмон дод.
Пеш аз оғози зиёфат президент Буш бо муроҷиат ба хабарнигорон дар бораи Мушарраф ва Карзай гуфт:
"Онҳо мефаҳманд, ки нирӯҳои мӯътадил аз ҷониби тундравону сарсахтон ба мушкил кашида шудаанд ва мо ҳама якҷояву аз наздик ҳамкорӣ хоҳем кард то ҳаёти мардумро дар Афғонистон ва Покистон беҳтар кунем."
Бо ташкили ин нишаст, Буш талош кард, ташаннуҷи миёни ду раҳбарро коҳиш диҳад. Зиёфати Кохи сафед дар ҳоле барпо шуд, ки Карзай ва Мушарраф ахиран ҳамдигарро ба он айбдор карданд, ки дар ҷанг бо терроризм талоши кофӣ намекунанд.
Сухангӯйи Кохи Сафед Тони Сноу дар бораи ин нишасти сеҷониба гуфт: "Президент Буш ошкоро гуфт, ҳарду раҳбар манфиатҳои муштарак доранд ва инҳо мубориза бо терроризми Толибону Ал-Қойида ва дигар шаклҳои ваҳшатафканист ва бояд ҳарду давлат муваффақ бошанд. Вай ин ҳамаро ба ёди онҳо расонд ва ба фикрам ҳарду инро мефаҳманд."
Буш Карзай ва Мушаррафро аз шарикони худ дар ҷанги зидди терроризм медонад.
XS
SM
MD
LG