Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳои маргбор дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки бар асари як инфиҷор дар канори дафтари волии як вилояти ин кишвар дастикам 18 тан кушта шудаанд.


Мақомоти пулис бар ин гумонанд, ки масъули ин ҳодиса дар Лашкаргоҳ, дар вилояти ҷанубии Ҳилманд як бомбгузори интиҳорӣ будааст.


Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодиса умдатан афроди ғайринизомӣ кушта шудаанд ва шуморе ҳам аз ҷумлаи маъмурони пулис будаанд. Дастикам 17 тан захмӣ шудаанд, ки вазъи бархе аз онҳо вахим гузориш шудааст. Муҳаммаддовуди Сафӣ, волии Ҳилманд осеб надидааст.


Дар як ҳодисаи дигар рӯзи сешанбе (26 сентябр) дар ҷануби Кобул, пойтахти Афғонистон, як бомб бо контрол аз роҳи дур мунфаҷир шуд, ки дар натиҷа як сарбози итолиёӣ ва як кӯдаки афғон ҷон доданд. Панҷ сарбози итолиёӣ ва панҷ ғайринизомии афғони дигар дар ин инфиҷор захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG