Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: "Нурӣ сазовори унвони қаҳрамон аст"


Анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо қабули як муроҷиатнома ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ хост, то ба муносибати даҳсолагии имзои Созишномаи сулҳ ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари фақиди мухолифини пешини давлат унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.


Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон поён дод, дар зери худ ду имзо дорад. Яке аз раиси ҷумҳури кунунӣ, Эмомалӣ Раҳмонов, ки унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро дорад, ва дигаре аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқи мухолифони давлат.


Бар иловаи Эмомалӣ Раҳмонов, унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ҳамчунин Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик, Бобоҷон Ғафуров, раҳбари Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои мадиди асри гузашта ва муаллифи асари таърихии "Тоҷикон", Мирзо Турсунзода, нависандаи маъруф, Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум - пешвоёни тоҷикон дар солҳои аввали Шӯравӣ доранд.


Саид Абдуллоҳи Нурӣ нӯҳуми августи соли ҷорӣ пас аз як бемории тӯлонӣ дар синни 59 - солагӣ аз олам чашм пӯшид.
XS
SM
MD
LG