Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ғайримунтазираи Ҳизби Наҳзат роҷеъ ба интихобот


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз ширкат додани номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр дар ин кишвар сарфи назар кард. Ҳамоиши ин ҳизб рӯзи душанбе (25 сентябр) тасмим гирифт, ки бо назардошти ҷавви сиёсии ҳоким дар Тоҷикистон ва минтақа, ки ба гуфтаи мақомоти ҲНИТ ба нафъи ин ҳизб нест ва бинобар адами мавҷудияти стондортҳои воҳиди интихоботӣ дар Тоҷикистон дар интихобот ширкат накунад.


Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар идомаи истидлолҳое, ки ҷиҳати ширкат накардани ҳизбаш пеш меовард, гуфт, ҳизбаш масъулияти сулҳро дорад ва аз он ҷо, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки як ҷониби сулҳ дониста шудааст, ширкати номзади он имкон дорад, ба маънои рӯ ба рӯӣ ба ҷониби дигари сулҳ унвон шавад, дар ҳоле, ки ҷониби дигари сулҳ низ номзади худро муаррифӣ кардааст. Ва дар сатҳи байналмилал ба коҳиши нуфуз ва мавқеъияти Тоҷикистон мунҷар шавад.


Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин афзуд:


"Инҷо як омил нест, инҷо чанд омил аст. Яке аз он номусоид будани вазъи байнамилалӣ, ки ҳанӯз ҳам як гуна эҳтиёткорӣ нисбат ба нерӯҳои исломӣ ҳаст ва як нобоварие байни мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам ҳаст. Ва ин омили муҳим буд ва мо намехостем бо ширкати худ, бо доштани номзад, гӯё ки Тоҷикистонро дар вазъи ноқулай монем. Роҳбарияти кишвари мо ва худи Тоҷикистон ҳадди аққал дар минтақа мавриди накӯҳиш ва ё танқид қарор гирифтааст, ки гӯё дар инҷо исломиҳо хеле фаъол ҳастанд. Мо бори дигар бо ин аз худгузаштагӣ имконият медиҳем, ки кӯмакҳову шароит ба Тоҷикистон биёяд."


Ба ҳамин тартиб, умдатарин ҳизб ва довталаби эҳтимолие аз ин ҳизб, ки метавонист, барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шахси Эмомалӣ Раҳмонов то ҷое рақобат эҷод кунад, аз рақобатҳои интихоботӣ даст кашид. Ин дар ҳолест, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январ эълон карда буд, ки бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи ноябр ширкат мекунад.


Акнун ба пешбинии соҳибназарон дар корзори интихобот Эмомалӣ Раҳмонов ва Олим Бобоев - номзади Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон танҳо боқӣ хоҳанд монд. Анҷумани Ҳизби Наҳзат ҳамчунин қарор кард, ки ҳар аъзои ҳизб дар тасмимгирии худ роҷеъ ба ширкат дар интихобот ва ҷонибдорӣ аз довталаби мавриди назараш мустақил бошад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG