Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Наҳзат дар мавриди интихобот тасмим мегирад


Қарор аст, баъд аз зӯҳри имрӯз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар анҷумани худ мавзӯъи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ бикунад. ҲНИТ охирин аз ҳашт ҳизби сиёсии расмии Тоҷикистон аст, ки анҷумани худро доир ва дар мавриди ширкат ва ё адами ширкат дар интихобот тасмим мегирад.


То имрӯз, Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократӣ ва аз ҷониби Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон, Амир Қароқулов аз ҷониби Ҳизби кишоварзӣ, Олим Бобоев аз ҷониби Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Исмоил Талбаков аз ҷониби Ҳизби коммунист ва Абдулҳалим Ғаффоров аз ҷониби Ҳизби сотсиалистӣ ба унвони довталаб ба номзадии раиси ҷумҳур пешбарӣ шудаанд.


Ҳизби демократии Тоҷикистон интихоботро таҳрим гуфта ва Ҳизби сотсиал-демократ тасмим гирифтааст, ки дар интихобот ширкат накунад.


Мувофиқи қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бар иловаи аҳзоби сиёсӣ, ҳамчунин, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, маҷлиси вакилони халқи Бадахшон, маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилони халқи маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаққи пешбарии номзадро доранд.
XS
SM
MD
LG