Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси дуввумин бонки муштарак дар Тоҷикистон


Бонки Миллии Тоҷикистон хабар аз судури муҷаввиз барои оғози фаъолияти дуввумин бонки муштарак дар қаламрави ин кишвар дод. Ба гуфтаи масъулин, бонк муштарак бо сармоягузории ширкати бритониёӣ мавсум ба Аtlantida Finance LTD фаъолият мекунад.

Раҳматшоҳ Додихудоев - сардори дафтари матбуъоти Бонки Миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди навтаъсиси муштарак Бонки рушди Тоҷикистон номгузорӣ шуда ва муассисони он аз сӯи Бритониё ширкати Atlantida Finance LTD ва аз ҷониби Тоҷикистон ташкилоти «Эверест трейдинг» аст. Мувофиқи маълумоти Бонки Миллӣ дар ҳоли ҳозир сармояи ибтидоии Бонки рушди Тоҷикистон 5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.


Баъд аз муаррифии муқаррароти нави Бонки Миллии Тоҷикистон роҷеъ ба сармояи ҳадди аққали ойиномавии бонкҳо, Бонки рушди Тоҷикистон аввалин бонкест, ки расман муҷаввизи фаъолият касб менамояд. Бар асоси муқаррароти нав, дар Тоҷикистон ниҳодҳои молие метавонанд, иҷозаи фаъолият дарёфт намоянд, ки сармояи ибтидоии онҳо на кам аз 5 миллион доллари амрикоӣ бошад.

Ба далели нақзи ин муқаррарот Бонки Миллии Тоҷикистон соли гузашта фаъолияти панҷ бонки тиҷорӣ, аз ҷумла бонкҳои «Айём», «Бонки Осиёи Марказӣ, «Исткредит бонк» ва «Бонки олимп»-ро мутаваққиф кард.
XS
SM
MD
LG