Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои пасти FIFA ба Тоҷикистон


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA - Федеросиюни байналмилалии футбол бо 194 имтиёз шаш зина поинтар - ба ҷойгоҳи 122-юм фуромад.

Мунтахаби Бразил бо 1574 имтиёз мисли пешин миёни 205 кишвари ҷаҳон дар мақоми нахуст аст. Тимҳои миллии Фаронса бо 1534 имтиёз дар мақоми дуввум, Оржонтин бо 1492 имтиёз дар мақоми саввум, Инглистон бо 1477 имтиёз дар мақоми чаҳорум, Итолиё бо 1474 имтиёз дар мақоми панҷум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарин Ҳулланд (1327 имтиёз), Ҷумҳурии Чех (1312), Олмон (1291), Португол (1272) ва Испаниё (1255) ҷойгир шудаанд.
Беҳтарин тими қораи Осиё - Австралия бо 727 имтиёз дар мақоми 38-ум мебошад. Ирон бо 658 имтиёз ду зина болотар - ба ҷойгоҳи 43-ум баромадааст. Тими миллии Ҷопон бо 594 имтиёз дар ҷойгоҳи 47-ум аст. Дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо 580 имтиёз дар мақоми 49-ум ва тими миллии Узбакистон бо 492 имтиёз дар мақоми 57-ум қарор гирифтаанд. Мунтахаби Қазоқистон бо 195 имтиёз 21 зина болотар - ба ҷойгоҳи 120-ум баромад. Тими миллии Қирғизистон бо 178 имтиёз мавқеашро 6 зина поинтар кардааст - 125-ум. Тими миллии Туркманистон бо 73 имтиёз 4 зина поинтар - ба ҷойи 162-ум ва дастаи Афғонистон бо 48 имтиёз 1 зина поинтар - ба ҷойи 175-ум фуромаданд.
Ҷойгоҳи дигар дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин аст: 13. Укроин (1029 имтиёз). 39. Русия (702). 65. Белорус (471). 67. Литва (461). 85. Молдова (356). 93. Гурҷистон (326). 94. Латвия (319). 102. Эстония (268). 112. Арманистон (221). 117. Озарбойҷон (206).
XS
SM
MD
LG