Салоҳиддин Ҳусейнзода - муъовини раиси намояндагии Ҳизби Наҳзат дар вилояти Суғд дар ин маврид чунин мегӯяд:
«Агар ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар номзадҳои худро ба узвият дар ҳавза ва қитъаҳои интихоботӣ пешниҳод мекарданд ва интихоби раису муъовин ва дабири кумисиюн дар ҳавзаву қитъаҳо воқеъан ба таври демукротик, бо роҳи раъйдиҳӣ сурат мегирифт ва агар ин мақомҳои интихоботиро аз боло, аз ҷониби ҳукумати иҷроия таъйин намекарданд, он гоҳ мешуд баргузории интихоботи шаффоф ва демукротикро чашмдор буд. Мутаассифона, ман ба ин чиз камтар бовар дорам.»
Нигаронии Ҳизби Наҳзат дар ҳоле садо медиҳад, ки Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИ) ахиран эълон дошт, ки дар 68 ҳавзаи кишвар барои узвият дар кумисиюнҳо умдатан намояндагони Ҳизби Халқи Демукрот ва аҳзоби дигари ҷонибдори он пешбарӣ ва сабти ном шудаанд. Аз ҳизбҳои мухолиф танҳо Ҳизби Наҳзати Исломӣ намояндаҳои худро вориди кумисиюнҳои ҳавзаӣ кардааст, масалан, аъзои ин ҳизб дар 16 кумисиюн аз ҷумлаи 18 кумисиюни ҳавзаии Суғд роҳ ёфтаанд. Муҳибулло Додоҷонов - раиси дафтари КМИ дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки дар баъзе аз ҳавза ва қитъаҳои интихоботии Суғд ҳамчунин намояндаҳои Ҳизби Сусиёл-Демукрот низ ба узвияти кумисиюнҳои интихоботӣ пазируфта шудаанд.
Вале дар мавриди мақомҳои сарварӣ дар кумисиюнҳои интихоботӣ оқои Додоҷонов гуфт, ки баргумории онҳо ба дӯши КМИ вогузор шудааст. Аммо ба гуфтаи вай, бо назардошти ин ки намояндагони ҳама аҳзоби сиёсии кишвар бо теъдоди кам ё беш вориди кумисиюнҳои интихоботӣ шудаанд, имкони баргузидани намояндагон аз ҳама аҳзоб дар мақоми раёсати кумисиюнҳо вуҷуд дорад.

Визитная карточка и достояние Таджикской ССР. Худо рахмат кунад Устодро!
USA congrats with new democracy! Well done!
Навалний - Манделлои асри 21 аст ва хоби диктаторҳоро талх кардааст! Зинда бод озодӣ ва Навалний! Нест бод террористҳои мазҳабӣ ва диктаторҳои оилавӣ!
Бе Беном: маълум аст, ки аз Самариддин метарсӣ ва корманди мақомоти махсуси ғуломдорӣ ҳастӣ, боди озодӣ дар ҳама ҷо мевазад. Навалниву Самариддин як нафар нестанд, онҳо ҳазорон ва милёнҳо нафар ҳастанд. Навалний садои мардуми озодаву озодихоҳ аст! Замони Путин ва Лукашенкоҳо, Элбоисиву калобозисҳо ва худкомаҳои дигар гузашта рафт. Дер ё зуд мардум аз ин раисколхозҳо халос мешаванд!
Навалний фақат аҷали Путин нест. Навалний аҷали сутуни ҳукуматҳои худкома - Путин аст. Омад - омади Навалний хоби пешвоёни муаззами Осиёи Миёна ва лидерҳои СНГро паронд. Аз саҳар ҳама дар навбати занги телефони ба Путин истодаанд.