Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз умдатарин мушкилоти Афғонистон мегӯяд


хабарнигори Озодӣ Никола Крастев Ҳомид Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон рӯзи душанбе дар шаҳри Нйу Йорк буд ва дар Анҷумани Осиё суханронӣ кард. Оқои Карзай бо мухотабонаш дар бораи мушкилоти пешорӯи Афғонистон дар марҳилаи бозсозии кишвар суҳбат кард.

Раҳбари Афғонистон тавзеҳ дод, ки чи гуна ифротгароии мазҳабӣ дар ҳоли тарвиҷи теруризм дар Афғонистон ва фаротар аз он, дар Осиёи Миёна аст:

"Сарчашмаи теруризм дар он бахш аз ҷаҳон, ки мо зиндагӣ мекунем, шуморе аз худи мо ҳастем, ки сирфан ба ифротгароӣ, ифротгароии мазҳабӣ, ба унвони як абзори сиёсӣ такя мекунем. Ҳар чи бештар мо ба ин омил вобаста бимонем, ба ҳамон андоза боъиси хушунатҳо хоҳем шуд. Ҳар чи бештар мо ин корро бикунем, ба ҳамон андоза минтақаи худ ва фаротар аз онро дар маърази хатар қарор медиҳем. Дурнамои ин бахш аз ҷаҳон, яъне Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, ҳокӣ аз умедвории бузургест: шукуфоии бештар, нирӯи кори азим, омӯзиши беҳтар, тиҷорати бештар, сароҳати бештар, ки аз роҳи бархурди муносиб бо ин мушкили хос ба даст хоҳад омад."

Аммо Ҳомид Карзай афзуд, ки заъфи ниҳодҳое ба монанди нирӯи интизомӣ муборизаи Афғонистон алайҳи теруризмро сахттар кардааст:

"Бузургтарин мушкили Афғонистон набуди ниҳодҳои қавӣ, ба вижа нирӯи интизомии қавӣ ва пулиси қавист. Мушкиле, ки мо имрӯз дар заминаи мубориза бо теруризм дорем ва ҳамалоте, ки Толибон ба ноҳияҳои мо анҷом медиҳанд, ба хотири қуввати Толибон нест, балки ба хотири заъфи мо дар ҷалби теъдоди бештари маъмурони пулис аст. Мо бо мушкили камбуди теъдоди маъмурони омӯзишдидаи пулис, камбуди манобеъ ва адами густардагии нирӯи пулис рӯбарӯ ҳастем."

Ҳомид Карзай гуфт, ки маводди мухаддир яке дигар аз мушкилоти умда аст. Вай ташреҳ кард, ки набуди фурсатҳои шуғлии иқтисодӣ мунҷар ба табдили Афғонистон ба мазраъаи азими хашхош мешавад:

"Мушкили шуми маводди мухаддир ҳам аз ҳисси навмедӣ ва ҷанг сарчашма мегирад, ки мусаббаби тамомии ин мусибат аст. Акнун мардуми Афғонистон ё бархе аз онҳо рӯ ба кишти хашхош овардаанд. Ман хонаводаҳо, бонувон ва оқоёнеро мешиносам, ки анорзорҳои худро вайрон кардаанд, ки аз зеботарин мазореъ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, то хашхош бикоранд. Ин ориза ба як воқеъияти иқтисодии Афғонистон табдил шудааст."

Раисиҷумҳурии Афғонистон дар мавриди муъомилаи ахири Парвиз Мушарраф, ҳамтои покистониаш бо як гурӯҳи ҳаводори Толибон дар манотиқи қабилаии Вазиристони Шимолии Покистон изҳори нигаронии тавъам бо умедворӣ кард. Он тавофуқнома ҳамалоти фаромарзӣ ба Афғонистонро манъ мекунад. Оқои Карзай гуфт, ки пайкорҷӯён метавонанд бо истифода аз ин муъомила вақти бештаре бихаранд, таҷдиди саффороӣ кунанд ва қудрати бештаре ба даст оваранд:

"Бародарамон раисиҷумҳурӣ Мушарраф ҳудуди як ҳафта ё даҳ рӯз пеш дар Кобул буд ва аз тавофуқномае ёдовар шуд, ки бо Толибон ё ёрони онҳо дар Покистон имзо кардааст. Моддаи нахусти он тавофуқнома худдории пайкорҷӯён аз вуруд ба Афғонистон ҷиҳати ҳамлаи фаромарзӣ алайҳи Афғонистон аст. Вақте ки президент Мушарраф ин суханро гуфт, ман бисёр хушҳол шудам ва гуфтам: "Хуб, ин нукта то андозаи зиёде итминонбахш аст." Мо мунтазир хоҳем монд, то бибинем, ки ин иттифоқ хоҳад уфтод ё на. Агар он паймон монеъ аз асаргузории теруризм рӯи зиндагии бародарону хоҳаронамон дар Покистон шавад ё агар он муъомила хатари теруризми фаромарзиро аз сари мо дур кунад, мо хушҳол хоҳем шуд. Аммо агар ин иттифоқ науфтад, ин паймон ба онҳо фурсати бештаре хоҳад дод, то қавитар шаванд ва дубора бо нирӯе тоза ба ҳар ду тараф ҳамла кунанд. Ва ин боъиси нигаронии зиёди мо хоҳад шуд."

Ҳомид Карзай ҳамчунин изъон кард, ки шояд давлати Покистон барои мутаваққиф кардани ҳамлаҳои фаромарзӣ аз манотиқи ёғии Покистон ба хоки Афғонистон аз имконоти кофӣ бархурдор нест. Аммо афзуд, ки яке аз сарчашмаҳои пайкорҷӯии исломӣ мадрасаҳои мазҳабӣ дар Покистон аст.

Қарор аст рӯзи 20 сентябр Ҳомид Карзай дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал суханронӣ кунад. Вай қасд дорад пас аз он барои ду рӯз аз Конодо боздид кунад ва сипас барои гуфтугӯ бо Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико ва раҳбари Покистон ба Вошингтон сафар кунад. Тайи он сафар оқои Карзай бо Дик Ченӣ, муъовини раисиҷумҳурӣ, Кондолиза Райс, вазири хориҷа ва Доналд Рамзфелд, вазири дифоъи Омрико дидору гуфтугх хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG