Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Омрико дар бораи озодии мазҳабӣ дар ҷаҳон


утоқи хабари Озодӣ Дар гузориши солонаи вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар бораи озодии мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон аз Эрон ва Узбакистон интиқод шуда ва аз Туркманистон ситоиш шудааст. Тайи ҳафт соли пайиҳам вазорати хориҷаи Омрико Эронро ба хотири озору азият ва зиндонӣ кардани одамон бар пояи эътиқоди мазҳабӣ "боъиси нигаронии хос" тавсиф мекунад.

Дар ин гузориши вазорати хориҷаи Омрико ба Кунграи ин кишвар омадааст: Ба рағми ҳушдорҳои мукаррари Созмони Милали Муттаҳид, шароит дар Эрон тақрибан барои тамоми ақаллиятҳои мазҳабӣ рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Дар гузориши вазорати умури хориҷаи Омрико бо ишора ба ақаллиятҳои баҳоӣ ва суфӣ навишта шуда, ки ин ду гурӯҳ ҳатто иҷозаи анҷоми ойинҳои мазҳабии худро надоранд.

Дар гузориши вазорати хориҷаи Омрико ба ҷуз Эрон ба кишварҳои Бирма, Чин, Эритре, Куреи Шимолӣ, Арабистони Саъудӣ, Судон ва Вйетном низ ба унвони кишварҳое, ки дар онҳо маҳдудияти шадиди озодии мазҳаб вуҷуд дорад, ишора шудааст.

Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Омрико, Узбакистон ба хотири саркӯби бедодгаронаи мусалмонон ҷузъи кишварҳои дорои маҳдудияти шадиди мазҳабӣ маҳсуб мешавад. John Hanford, намояндаи вазорати хориҷаи Омрико дар масоили марбут ба озодии мазҳабӣ гуфт, мақомоти узбак ҳамарӯза мусалмононро танҳо ба хотири адои намозҳои рӯзмарра ва доштани риш боздошт мекунанд. Вай афзуд, танҳо ба хотири ҳамин мусалмонони Узбакистон ба доштани иртибот бо теруристҳо муттаҳам мешаванд.

Бино ба ин гузориш, вазъияти озодии мазҳабӣ дар Туркманистон тайи соли гузашта беҳтар шудааст , ҳарчанд давлати он кишвар ҳамвора масоили мазҳабиро назорат мекунад.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки даҳсолаҳои ҷанг ва чанд соли султаи Толибон дар Афғонистон боъиси густариши фарҳанги муҳофизакоронаи нобурдборӣ ё адами таҳаммул шудааст.

Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Омрико, дар Русия тайи соли гузашта бархурд бо гурӯҳҳои қавмии яҳудӣ ва мусалмон бадтар шудааст, вале дар ҳамин гузориш аз вокуниши сареъи давлати Русия ба ҳамла моҳи январи гузашта ба як канисаи яҳудиҳо дар Маскав ситоиш шудааст. Интишори солонаи гузориши вазорати хориҷаи Омрико дар бораи озодии мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон аз муқарраротест, ки дар Қонуни Озодии Мазҳабии Байнулмилалии Омрико омадааст.

Кишварҳое, ки шадидтарин маҳдудиятҳои мазҳабиро эъмол кардаанд, дар сурати адами беҳбуд метавонанд ҳадафи таҳримҳои Омрико воқеъ шаванд.
XS
SM
MD
LG