Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо зери ливои Искандаров ба интихобот мераванд?


Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ироаи феҳристи асомии аҳзоби расмии кишвар ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҷиҳати ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурӣ ҳаққи иштирок дар ин маъракаро ба Ҳизби демократи таҳти раёсати Муҳаммадрӯзӣ Искандаров додааст.

Муҳибулло Додоҷонов-раҳбари Дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар посухи Вазорати адлия ба дархости ин комиссия ҷиҳати муайян кардани шароити ҳуқуқии ширкати аҳзоби сиёсӣ омадааст, ки ҳашт ҳизби расмӣ ҳуқуқ доранд, дар интихобот иштирок ва номзади худро пешбарӣ кунанд. Оқои Додоҷонов афзуд, ки дар номаи расмии вазорат чунин ҳаққи ширкатро ба Ҳизби демократӣ таҳти раёсати Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҷойиз донистаанд.


Тафсилоти ин хабарро дар гӯшаи «Сиёсат» бихонед.
XS
SM
MD
LG