Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се нафар бо иттиҳоми ширкат дар қатли Эшони Сайид Ҳодӣ


Мақомоти интизомии ноҳияи Бохтар мегӯянд, се шаҳрванд бо иттиҳоми куштори эшони Сайид Ҳодӣ боздошт шуда, дар ҷараёни бозҷӯӣ ба айбномаро бар дӯш гирифтаанд. Баракатулло Камолов, додситони ноҳияи Бохтар гуфт, ҷиноят бо дасти ҳамсоягони навраси эшон, ки аз 17 то 29 сол син доранд, ба амал омадааст. Вай афзуд: "Ин афрод барои содир намудани ҷиноят як ҳафта тайёрӣ дида, бо маслиҳати пешакӣ олоти содиркунии ҷиноят, бавижа ду корд ва ду адад дастпӯшаки ҷарроҳиро барои рўпўш кардани изи даст омода кардаанд. Гумонбаршудагон вақте мефаҳманд, ки ҳамсари ҷабрдида дар сафар аст. ба манзили ӯ ҳамла мекунанд. Пас аз боздошти гумонбарон, аз рӯйи нишондоди яке аз айбдоршавандаҳо далелҳои шайъӣ, яъне пуле, ки онҳо аз хонаи ҷабрдида рабудаанд, ба маблағи 25 ҳазору 360 сомонӣ, 7300 рубли русӣ ва 1090 доллари амрикоӣ, инчунин як адад телефони ҳамроҳ, ки онро аз шаҳри Душанбе баъд аз содир кардани ҷиноят харидорӣ кардаанд, дарёфт кардем. Дар айни ҳол ҳамаи чораҳои фаврӣ барои пайдо кардани корде, ки бо он куштор содир шудааст ва ҷойи онро ба мо гумонбарон аниқ нишон додаанд, андешида мешавад". Ба гуфтаи Юсуф Аслонов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар, афроди боздоштшуда ба гуноҳи худ пурра иқрор кардаанд, аммо бо ҳеҷ роҳе ҳақиқати ин иқрор қобили санҷиш нест.Эшони Саидҳодӣ, амаки яке аз шахсиятҳои маъруфи солҳои навадум, сархатиби вилояти собиқи Қӯрғонтеппа ва узви Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Эшони Сайидашраф шаби 11-уми сентябр дар манзили худ ба қатл расид.
Носирҷони Маъмурзода, Бохтар
XS
SM
MD
LG