Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз Қирғизистон бозмегарданд


Ҷиргатол

Бар асоси иттилоъи Сабоҳат Холова - муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол - аз 15 ҳазор сокини ин ноҳия, ки солҳои ҷанги хунини дохилӣ Тоҷикистонро тарк гуфта буданд, ҳудуди 2 ҳазор нафар дубора ба ватан бозгаштанд.
Хонум Холова мегӯяд, ин муҳоҷирон кишвари ҳамсояи Қирғизистонро макони сукунат ихтиёр карда ва аз ҷониби мақомоти он пуштибонӣ дидаанд:

"Аз ҷиҳати замин, аз ҷиҳати манзил ба онҳо кӯмаки зиёд карданд. Ба онҳо тайи чанд сол маводи ғизоӣ доданд. Баъзе аз он хонаводаҳо ба Тоҷикистон бармегарданд, теъдоде бо фарзандонашон қисми дигарро волидайнашон бармегарданд. Албатта мақомоти маҳалли ноҳияи мо ба онҳое, ки фирорӣ шуда буданд, кӯмак мекунанд, аз ҷиҳати замин ва ё бо маводи сохтмонӣ."


Имрон Қодиров аз ҷумлаи муҳоҷиронест, ки беш аз 8 сол дар шаҳри Бишкек зиндагӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, соли равон бо аҳли хонаводааш ба Тоҷикистон баргашта ва феълан шӯъбаи умури равобити байналмилалӣ ва умури мазҳабии ноҳияи Ҷиргатолро раҳбарӣ мекунад.


Имрон Қодиров аз замони сукунаташ дар Қирғизистон чунин ёдоварӣ кард:


"Баъди фирорӣ шудан, ду сол азоб кашидем, аз ҷиҳати зиндагӣ ва аз ҷиҳати кор, зеро ба ҳамон шароити фирорӣ омода набудем. Баъд ба мо мақомоти Қирғизистон кӯмак карданд, замин, хона доданд, бо кор таъмин карданд. Ман худам дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек кор мекардам."

Аммо Додарҷон Рашидов, сокини 60-солаи деҳаи Калтабулоқи ноҳияи Ҷиргатол мегӯяд, асосан бахши аъзами афроде, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, солхӯрда ҳастанд. Вай гуфт, зиндагӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Қирғизистон тайи ин солҳо биҳиштӣ набуд ва шуғли асосии онҳо кишоварзист. Ӯ мегӯяд, ду писараш бо аҳли хонаводаҳояшон айни замон дар 30 километрии шаҳри Бишкек замин доранд ва бо кишоварзӣ машғуланд:

"Рафтам барои бачаҳову набераҳоро хабаргирӣ. Онҷо ҳам мушкил аст, фақат кор мекунӣ, аммо чун мардуми мо заҳматкаш ки ҳаст, зиндагии худро пеш мебарад. Писарони ман картошка мепарваранду мефурушанд, дигар ҳеҷ. Зиндагиашон хуб неву миёна аст, аксарияти мардуми мо дар азобанд, чун ҳамашон коргар нестанд, баъдан афроди бемор доранд, баъд дар он масъалаи табобат бисёр мушкил аст, ба бемористон афтодӣ фақат пул меситонанд. Як сол будам, ҳамон ҷо ҳамаро дидам."


Аммо Рисқул Содиров, ки аз соли 1996 то соли 2003 бо хонаводаи худ дар Қирғизистон зиндагӣ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, аҳли оилааш гузошта, танҳо ба Тоҷикистон бозгаштааст, дар ҳоле ки ин мӯйсафеди 70-сола вазъи феълии зиндагии худ дар Ҷиргатолро начандон хуб арзёбӣ кард.


Аммо гуфт ӯ, ёди ватан нагузошта, ки дар Қирғизистон бимонад. Аммо на ҳамаи афроде, ки дар Қирғизистон тӯли ин солҳо кор кардаанд ва дар бахши кишоварзиву иқтисоди он саҳм гузоштаанд, табаии доимии ин давлатро нагирифтаанд. Пазируфтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба тобеъияти Қирғизистон ҳанӯз ҳам идома доштааст.


Аммо на ҳамаи муҳоҷирони тоҷик, ки мехоҳанд, ба ватани худ баргарданд, чунин имкониятро доштаанд. Яке аз онҳо чанде пеш ба дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкек омад ва сарнавишти талхи худро қисса кард.

Қиссаи ӯро инҷо бишнавед
XS
SM
MD
LG