Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Зарафшон» аз мусобиқот канор монд


Ду бозии даври навбатии мусобиқоти дастаҳои лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Тими «Апрелёвка»-и Қайроққум ҳарду бозиро дар шаҳри Душанбе бо пешсафони ҷадвали мусобиқот - «Энергетик» бо натиҷаи 2 бар 2 ва «Гвардия» бо натиҷаи 0 бар 0 анҷом дод.



Бино ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент, ки ба ду бозии мусобиқот ҳозир нашуд, аз ширкат дар бозиҳои мусобиқоти лигаи аввал канор монд ва бар асоси низомномаи мусобиқот дар бозиҳои баъдӣ ҳарифони «Зарафшон» бо натиҷаи худкори 3 бар 0 бар он тим ғолиб дониста мешаванд.


Воқеъан, қабл аз ин дастаи «Ҳисор»-и Ҳисор,ки ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар бозиҳо даст кашидааст, аз мусобиқот канор монд. Бад- ин тартиб теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти лигаи аввал коҳиш ёфт ва дар айни ҳол дар рақобатҳо ҳамагӣ ҳафт тим ширкат меварзад.

«Энергетик»-и Душанбе бо 24 имтиёз дар ҷадвал садрнишин аст. «Гвардия» -и Душанбе низ 24 имтиёз ба даст овардааст, вале шумори пирӯзиҳояш нисбат ба пешсафи мусобиқот як адад камтар аст, бинобар ин, "Гвардия" дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифтааст. «Ҳосилот»-и Данғара бо 19 имтиёз ба ҷойгоҳи севвум баромад.
Олим Юсуфов, бозигари тими «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо 11 гол дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот мақоми аввалро ишғол мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали
бозиҳо то 16 сентябр

Б Ғ М Б Т И
1. «Энергетик» 11 7 3 1 30-9 24
2. «Гвардия» 12 6 6 0 20-6 24
3. «Ҳосилот» 12 5 4 3 21-13 19

4. «Ҳисор» 11 5 3 3 19-15 18
5. «Баракат» 12 5 2 5 16-22 17
6. «Апрелёвка» 12 4 2 6 24-20 14
7. «Ҳулбук» 10 4 1 5 15-20 13
8. «Ҷавонӣ» 11 3 3 5 20-22 12
9. «Зарафшон» 11 0 0 11 7-45 0

Бозиҳои навбатӣ
16 сентябр (шанбе) - «Энергетик» (Душанбе) - «Ҳосилот» (Данғара)
«Ҳулбук» (Восеъ) - «Баракат» (Шаҳринав)
XS
SM
MD
LG