Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияҳои синфӣ аз номзадии Раҳмонов пуштибонӣ мекунанд


Раёсати Федеросиюни иттиҳодияҳои синфии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар нишасти фавқулъодаи худ Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии феълиро барои интихоби муҷаддад ба ин мақом пешбарӣ хоҳад кард. Бахтиёр Абдуллоев, муъовини Федеросиюни иттиҳодияҳои синфии Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт:


"Тибқи Қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаққи пешбарии номзадҳо ба интихоботро аҳзоби сиёсӣ, Созмони ҷавонон, Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ ва маҷлисҳои ҳукуматҳо доранд. Мо ҳатман аз ин ҳаққамон истифода хоҳем кард, чунки иттиҳодияҳои синфӣ ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеъаи маданӣ ҳастанд. Ҳамчунин мо қасд дорем дар анҷуман тақозоҳои худро аз номзади интихобот дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва бахши муҳоҷирати корӣ пешниҳод кунем. Мо ин масъаларо баррасӣ кардем ва дар нишастҳои қаблии Шӯрои Олии Федеросиюни иттиҳодияҳои синфии мо бо раъи "оре"-и кулли аъзои он қарор шуд номзадии раисиҷумҳурии феълӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов пешбарӣ шавад."


Ба ин пурсиши мо, ки оё барои пешбарӣ ба ҷуз аз оқои Раҳмонов номи номзадҳои эҳтимолии дигар ҳам матраҳ шуд ё на, Бахтиёр Абдуллоев гуфт, ки раъдиҳии муқаддамотӣ ба таври демукротик гузашта ва кулли аъзои шӯрои ин созмон танҳо аз номзадии Раҳмонов пуштибонӣ кардаанд.


Қарор аст ҳамоиши фавқулъодаи ин созмон дар авоили моҳи октябр баргузор шавад. Торихи раъйдиҳӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр таъйин шудааст, аммо то се рӯзи дигар, яъне 16 сентябр корзори расмии интихобот ва сабти номи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ оғоз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG