Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи қурбониёни 11 сентябр


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар суханронии бахшида ба солгарди панҷуми ҳамлаҳои 11 сентябр аз мардуми кишвараш даъват кард ба хотири пирӯз дар набард алайҳи терроризм муттаҳид шаванд. Ҷорҷ Буш дар паёми телевизиониаш, ки аз дафтари кори ӯ дар Кохи Сафед нашр мешуд, гуфт: "Агар мо террористҳоро мағлуб намекардем, мо кӯдакони худро дар рӯбарӯи таҳдиди ба давлатҳои террористӣ табдил ёфтани кишварҳои Ховари Миёна ва бо таҳдиди диктаторҳои мусаллаҳ бо силоҳҳои ҳастаӣ қарор медодем. Мо дар ҳоли ҷанг қарор дорем ва ин ҳол таъйингари хатти маши сиёсатҳои асри нав ва сарнавишти миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон аст."

Оқои Буш ҳамчунон изҳори итминон кард, ки нирӯҳои Амрико Усома Бин Лоден, раҳбари шабакаи Ал-Қоидаро дар ниҳоят пайдо хоҳанд кард. Ин шабака ва раҳбараш Бен Лоден ба таҳияи ҳамлаҳои 11 сентябр муттаҳам мешаванд. Дар ҳамин ҳол, Аймон Завоҳирӣ, муовини Усома Бен Лоден дар раҳбарии шабакаи Ал-Қоида дар як навори нави видиёӣ, ки рӯзи 11 сентябр нашр шуд, ҳушдор дода, ки ҳадафи ояндаи ин шабакаи террористӣ кишварҳои халиҷи Форс ва Исроил хоҳанд шуд. Гӯянда ҳамчунин бо даъвати мусалмонон барои муқовимати бештар алайҳи Амрико гуфтааст, ки нирӯҳои эътилоф дар Афғонистону Ироқ дар ниҳоят шикаст хоҳанд хӯрд.

Дирӯз соати 8 46 дақиқаи субҳ, расо дар солгарди панҷуми ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сенятбри соли 2001-ум дар Ню:Йорк дар макони собиқ Маркази ҷаҳонии тиҷорат бо чунин садои зангӯлаи хотири қурбониёни он ҳамалотро ёд карданд. Маросими гиромидошти хотираи беш аз 3000 қурбонии ҳамлаҳои террористии 11 сентябр дар шаҳрҳои дигари Амрико ва пойтахтҳои муҳими ҷаҳон низ баргузор шуд.

Субҳи 11 сентябри соли 2001 ибтидо 2 ҳавопаймои мусофирбар ба ду сохтмони осмонбӯси маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню Йорк ҳамла овард. Соъате баъд бинои Пентагон дар Вошингтон ҳадафи ҳуҷум қарор гирифт ва ҳавопаймои чорум дар як саҳро дар аёлати Пенсилвания суқут кард. Ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни гуфт, ки Амрико қурбониёни 11 сентбярро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.


Раҳбарони ҷаҳон низ дар ин рӯз бо изҳори ҳамдилӣ бо пайвандони қурбониҳо дар бораи ҳамчунон барҷой будани хатари терроризм ҳушдор додаанд.
Дабири кулли СММ Куфӣ Анон ҳамлаҳои 11 сентябрро ҳамла алайҳи башарият номид. Раиси Кумиссиюни Аврупо Жозе Баррозо гуфт, ин ҳодиса Аврупоро дар роҳи кандани решаҳои терроризм беш аз пеш мутааҳид кард. Аммо афзуд вай ҳанӯ кори зиёде боқӣ монда, ки бояд иҷро шавад: "Ҳанӯз кори зиёде ҳаст, ки бояд иҷро кунем. Нафақат дар масоили амниятӣ, балки дар масоили сиёсӣ ҳам. То ки фаҳмонем, ки истифодаи мазҳаб ба хотири расидан ба қасдҳои сиёсиву тахрибгарона ғайриқобилиқабул аст ва мо бояд дар муқобили ин таҳдид ба ҷомиа ва арзишҳои худ ҳамаҷониба муттаҳид шавем."

Покистон дар ин рӯз хостори таҳияи як сиёсати ҷаҳонӣ ҷиҳати мубориза бо терроризм шудааст. Вазорати хориҷаи Покистон гуфта, ки ин хатарро намешавад танҳо бо амалиёти низомӣ аз байн бурд. Ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо изҳори сипос ба Амрико ба хотири кӯмакаш дар роҳи шикаст додани Толибон ва Ал-Қоида гуфтааст, ҷанг алайҳи терроризм бояд бо талошҳои қавитар идома ёбад.
XS
SM
MD
LG