Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназмиҳо пас аз консерти мутаваққифшудаи Ораш дар Душанбе


Интизори мухлисони сарояндаи машҳур, Ораш, шоми 10 сентябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо бетартибии оммавӣ анҷом ёфт.


Қарор буд, шоми дирӯз дар ин варзишгоҳ Ораш, сарояндаи маъруфи иронитабори муқими Суэд (Шветсия) як барномаи консертии ройгон иҷро намояд ва ҳудуди 30 ҳазор мухлис, ки аслан ҷавонон буданд ва бештар аз панҷ соат қабл аз шурӯъи барнома ба варзишгоҳ омада буданд, аз мутаваққиф шудани барнома ба як рӯзи баъд ба шӯр омада даст ба бетартибӣ задаанд.


Интизор мерафт, соати шаши бегоҳ консерти Ораш шурӯъ бишавад ва аммо Ораш пас аз таъхири якуним соата рӯи саҳна меояд ва узр мехоҳад, ки аъзои дастааш ҳанӯз наомадаанд ва аз ин рӯ, барномааш ба фардо мутаваққиф мешавад. Ва аммо тӯли ин якуним соат овозхонони маҳаллӣ барои ҷамъомадагон суруд месароиданд. Вале мухлисон, ки барои Ораш омада буданд ва Орашро рӯи саҳна мехонданд, аз шунидани хабари таваққуфи барномаи консертии сарояндаи маъруф ба шӯр меоянд.


Бино бар ҳарфи шоҳидон, ҷавонони башӯромада зарфҳои нӯшобаро ба сӯи пулис ҳаво медоданд. Баъдан, ҷавонон ба хиёбонҳо рехтаанд ва шоҳидони ҳол аз автомобилҳои тахрибшуда хабар медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир, теъдоди боздоштшудаҳо ва ҳаҷми хисорот маълум нест.


Қарор аст, консерти Ораш имрӯз, (11 сентябр), соати 12-и нимрӯз баргузор шавад. Дар гирду атрофи варзишгоҳ теъдоди зиёди кормандони мақомоти интизомӣ ҷамъ омадаанд. Ва аммо субҳи имрӯз, ҳамаи кӯчаҳо тозаву озода буд ва нишоне аз харобиҳо ба назар намерасид.
XS
SM
MD
LG