Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории режаи низомӣ дар Душанбе


Холиқи Сангин

Понздаҳумин солгарди рӯзи истиқлоли Тоҷикистон субҳи шанбе ( 9 сентябр ) дар пойтахти ин кишвар бо баргузории як парад ва ё режаи низомӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ин намоиши дастаҷамъӣ, ки маҳалли баргузории он майдони Дӯстии шаҳри Душанбе интихоб шуда буд меҳмонони зиёди хориҷиву ватанӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва мақомоти баландпояи давлати Тоҷикистон, ба шумули раиси ҷумҳури он Эмомалӣ Раҳмонов ширкат варзиданд.


Дар ибтидо Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи Тоҷикистон сарбозону афсарон ва ширкаткунандагони паради низомиро ба муносибати 15 умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон шодбош гуфт ва аз омодагӣ ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳ барои оғози режаи низомӣ ба Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва сарфармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар гузориш дод.


Сипас Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни муроҷиат сарбозону афсаронро табрик намуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат ва таъсиси ниҳодҳои аслии давлатдорӣ аз қабили артеши миллиро муҳимтарин дастовардҳои кишвари мустақили Тоҷикистон дар зарфи 15 соли ахир номид.


Эмомалӣ Раҳмонов ба ӯҳдаи марзбонони тоҷик гузаштани нигаҳбонии марзҳои берунаи кишварро дастоварди дигари муҳими давлатдории тоҷикон дар давраи истиқлол унвон кард.
Баъд аз анҷоми суханронии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти садои мусиқии мутантан гузашти ҷузъу томҳои низомии ин кишвар шурӯъ ёфт.


Дар маҷмӯъ бино ба иттилоъи расмӣ дар баргузории паради низомии ҷашни истиқлоли Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор сарбозу афсарони вазоратхонаҳои дифоъ, ҳолатҳои изтирорӣ ва кумитаи марзбонӣ, ҳамчунин донишомӯзони донишкадаи низомӣ ва Академияи вазорати дохилаи Тоҷикистон ширкат намуданд.
Ҳамчунин дар баргузории ин намоиш се адад ҳавопаймо ва чархболи низомӣ низ мавриди истифода қарор гирифт.


Шомгоҳи 9 сентябр ҳамчунин дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нурҳои истиқлол» як намоиши теартии аз қабл таҳия шуда низ доир гардид ва дар он дастаҳои мухталифи ҳунариву мусиқии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.


Ҷашнҳои истиқлоли Тоҷикистон то ду рузи дигар идома меёбанд. Шоми фардо 10 сентябр дар чаҳорчӯби ҷашнҳои истиқлол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе қарор аст овозхони маъруфи эронӣ Ораш барнома иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG