Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Нурӣ баста мешавад


Як мақоми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабаргузории "Авесто" гуфтааст, ки барои бастани парвандаи марбут ба даъвои Корхонаи обу корези Душанбе алайҳи раҳбари пешини ҲНИТ танҳо мадраки расмие лозим аст, ки ба таври катбӣ даргузашти Абдуллоҳи Нуриро тасдиқ кунад. Дар пайи ин, додгоҳ ният дорад ба таври расмӣ ин парвандаро бибандад. Дар посух ба ин изҳорот, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар гуфтугӯ бо сомонаи интернетии ozodi.com гуфт:


"Ин аз тамоми меъёрҳои ахлоқи инсонӣ берун аст, вақте ки додситони ноҳия талаб мекунад, ки (хешу табор) кадом ҳуҷҷатеро дар мавриди фавти устод Нурӣ бифиристанд. Вақте ки ҷомеъаи Тоҷикистон шоҳиди вафоти оқои Нурӣ буд ва мақомоти ҳукумат (дар мароcими дафни оқои Нурӣ) ҳузур доштанд, ин гуна корро ман таҳқири навбатӣ аз ҷониби мақомоти ҳуқуқии кишвар медонам".


Баҳси мазкур моҳи феврали имсол сар зад, вақте мақомоти вақти Корхонаи обу корези Душанбе ва Маркази обрасонии пойтахт аз оқои Нурӣ ба додгоҳ шикоят бурданд, ки гӯё вай дар мусоҳибааш бо нашрияи "Миллат" моҳи декабри соли гузашта ниҳодҳои масъули обрасонии пойтахтро ба ришвахорӣ муттаҳам карда, ин масъаларо чун мушкили аслии олудагии оби ошомидании Душанбе зикр кардааст.


Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз ҳам батакрор мегӯянд, ки дар суҳбатҳои оқои Нурӣ сухан аз ҳич ниҳоди масъул нарафтааст ва инро ҳатто Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон низ баъд аз арзёбии суҳбатҳои оқои Нурӣ дар замоне, ки ӯ зинда буд, дар "Миллат" таъйид карда буд.


Ин дар ҳолест, ки ду моҳи пеш хосторони аслии муҷозоти раҳбари ҲНИТ, яъне масъулони Маркази обрасонии пойтахт (Петра Зайдлер) ва Корхонаи обу корези Душанбе (Беҳрӯз Сафаров) аз мақомҳои худ барканор шуданд.
XS
SM
MD
LG