Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгаи марафонӣ анҷом ёфт


Пойгаи марафонии Турсунзода - Кӯлоб, ки дарозиаш 253 километр аст, рӯзи чоршанбеи 6 сентябр ба поён расид.
Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар ин пойга 20 нафар давандаҳо аз бошгоҳи дӯстдорони дави «Перевал»-и шаҳри Турсунзода ширкат карданд, ки миёни онҳо Нозимҷон Ирматови 21-сола аз ҳама ҷавон ва Ҳомидҷон Саидови 52-сола аз ҳама бузургсол маҳсуб мешаванд. Оқои Бобоҷонов афзуд, пойгаи марафонӣ ба ҷашни 15-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бахшида шудааст.

Ва як хабари дигар.Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи акробатикаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ҳудуди 100 варзишгар ширкат доштанд. Дар рақобатҳои ҷуфти мардона Нуриддин Шукуров ва Абумуслим Шоев мақоми аввалро касб карданд. Дар ин навъи рақобатҳо байни занон Заррина Наимова ва Диана Ёрмаҳмадова ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар рақобатҳои ҷуфти омехта Катерина Яшкина ва Абумуслим Шоев пирӯз шуданд. Дар машқҳои гурӯҳӣ байни мардон Нуриддин Шукуров, Ислом Шоев, Дамил Абдураҳмонов ва Назрулло Шарифзода ва миёни бонувон Дилноза Аҳмадзода, Наталя Кускова ва Людмила Сафарова барандаи медали тиллои мусобиқот гардиданд. Қаҳрамонони акробатикаи Тоҷикистон, аслан, шогирдони мактаби махсуси варзишии захоири олимпии шаҳри Душанбе мебошанд.
XS
SM
MD
LG