Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ сол мегузарад


Бо салом. 11 сентябр ба ҷаҳониён як чиз "ҳадя" овард. Он ҳам таҳрифи маънои озодӣ ва террор, мубориза бар зидди терроризм бо террор.
Аҳмад
--------------------------------------------

Салому алейкум, ҳамватанони азиз ва кормандони радиои Озодӣ. Баъд аз воқеъаи 11 сентябр ягон пешравӣ нашудааст дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Фақат Амрико аз ин воқеъа истифода бурд, ки якчанд давлати мусалмонро забт кунад, ин воқеъа танҳо ба Амрико манфиъат расондаасту тамом.
Олиҷаноб
--------------------------------------------

Ман ягон беҳбудиеро баъд аз ин ҳодиса дар ҷаҳон ва Тоҷикистон намебинам. Ягона чизе, ки ман имрӯз эҳсос мекунам, тақвияти нуфузи Амрико дар минтақаи Осиёи Марказист.
Насим Насимӣ
--------------------------------------------

Дуруд. Он чизе, ки мушаххас аст, ин аст, ки мо ва ҷаҳон бо ҳам баъд аз 11 сентябр дигаргун шудем. Ин дигаргунӣ ин буд, ки мо ҳар чи мегӯем озодӣ, онҳо мегӯянд терорист...
Мухлис
--------------------------------------------

Салом бар "Озодиён" ва озодагон! Кош дар ин рӯзҳо аз қаҳрамони миллати тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд ёд мекардед, ки ба марге рустамона... шаҳид шуд.
Умед Ҷайҳонӣ
--------------------------------------------

Бо салом. Албатта, сиёсати давлати Омрико тавре роҳандозӣ шудааст, ки ҳар воқеъае, ки дар он ҷо ба вуқӯъ биёяд, дарку фаҳмаш мушкил аст... Ба ин хотир мо наметавонем хулосаи дақиқ барорем..., аммо метавонем бо қатъият бигӯем ба давлатҳо ва раҳбарони он ки "Ҳар он чи коштаӣ, онро медаваравӣ". Мувозиби аъмоли худ бошед, то ба саратон балоҳои осмонӣ наборад.
Низом Асомуддинов
--------------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG