Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Ирон: 2 - 1


Тими мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон дар бозии дуввуми худ дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни бозикунони зери 17 сол дар Сингопур ҳамсолони худ аз Иронро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ Яман бо Ироқ 1 - 1 мусовӣ карданд.

Тоҷикистон як рӯз пеш ҳарифи қавии дигари худ - тими Ироқро бо ҳисоби як бар сифр мағлуб карда буд. Танҳо голи бозиро Абдулқаюм Қаробоев вориди дарвозаи Ироқ кард.

Тоҷикистон ҳамакнун бо шаш имтиёз ва касби мақоми аввал дар гурӯҳи B вориди даври чаҳорякниҳоии бозиҳо шуд. Рақиби навҷавонони Тоҷикистон дар ин марҳила Жопун ё Куриёи Ҷанубӣ хоҳад буд.



Ҳаққи сафар ба Сингапурро наврасони тоҷик дар Деҳлӣ ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG