Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Офриқои Ҷанубӣ


Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия рӯзи сешанбе (5 сентябр) барои анҷоми дидори расмии дурӯза вориди Кейп Таун, пойтахти Офриқои Ҷанубӣ шуд.


Оқои Путин нахустин раҳбари давлати Русия аст, ки ба Офриқои Ҷанубӣ сафар мекунад. Интизор меравад вай бо Табо Мбекӣ, раисиҷумҳурии ин кишвар дар бораи роҳҳои тақвияти иртибототи иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сиёсии миёни ду кишвар гуфтугӯ кунад. Қарор аст миёни ин ду давлат паймони дӯстию ҳамкорӣ имзо шавад ва шуморе аз ширкатҳои русӣ бо ширкатҳои Офриқои Ҷанубӣ қарордодҳои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бибанданд.


Як ҳайъати бузурги вазирон ва бозаргонони Русия Владимир Путинро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад. Ҳамчунин қарор аст оқои Путин тайи ин сафар аз зиндони ҷазираи Роббен боздид кунад, ки дар зарфи солҳои ҳукумати опортойд бар Офриқои Ҷанубӣ маҳалли нигаҳдорӣ аз Нелсон Мандела, раисиҷумҳурии пешини ин кишвар тайи 18 сол буд.
XS
SM
MD
LG