Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти "Ситораи дарёӣ" дар Афғонистон


Дар ҷануби Афғонистон амалиёти нерӯҳои байнулмилалии ба раҳбарии Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) алайҳи Толибон ҳамчунон идома дорад. Амалиёти густардаи мавсум ба Ситораи Дарёӣ (Медуза) рӯзи шанбе (2 сентябр) дар ин минтақаи ноороми Афғонистон оғоз шуд.


Рӯзи душанбе (4 август) бар асари ҳамлаи тасодуфии ҳавопаймоҳои ин паймони низомӣ як сарбози конодоӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса дар шаҳри Қандаҳор ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Кобул бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ як сарбози бритониёӣ ва дастикам чаҳор ғайринизомии афғон ҷон доданд.


Аз рӯзи шанбе, аз замони шурӯъи амалиёти НАТО дар ҷануби Афғонистон беш аз 200 пайкорҷӯйи Толибон кушта шудаанд. Женерол Дейвид Ричардз, фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии ёрии амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар ин бора гуфт:


"Ман мутмаиннам, ки гузоришҳои мабнӣ бар кушта шудани беш аз 200 ҷангҷӯи Толибон дуруст аст. Бисёре аз ҷангҷӯёни Толибон кушта шудаанд ва ин ҳақиқатест, ки аз ҷиҳоте ғамангез аст, чун касе хостори талафоти ҷонӣ нест. Шуморе аз онҳо тавассути пулиси Афғонистон боздошт шудаанд."
XS
SM
MD
LG