Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо нафар дар фурудгоҳи Машҳад кушта ё захмӣ шудаанд


Гузориш шудааст, ки бар асари оташсӯзӣ дар ҳавопаймои дар ҳоли фуруди Туполев-154 дар шаҳри Машҳади Эрон даҳҳо нафар кушта шудаанд. Алиризо Паранд, як мақоми созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон ба хабаргузории расмии ин кишвар ИРНО гуфтааст, ки дар ин ҳодиса 28 тан кушта ва 43 тани дигар захмӣ шудаанд. Вай мегӯяд, ки 77 сарнишини ҳавопаймо аз ҳодиса ҷони солим ба дар бурдаанд.


Гузоришҳои қаблӣ шумори қурбониёни оташсӯзиро 80 нафар баровард карда буд.


Ин ҳавопаймо бо ҳудуди 150 сарнишин аз шаҳри Бандар-Аббос дар ҷануби Эрон ба шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи ин кишвар парвоз мекард.


Меҳдии Содиқӣ, раиси ширкати ҳавопаймоии Эрон-Эйр, муҷрии ин парвоз, дар гуфтугӯе бо телевизюни давлатии Эрон гуфт:


"Парвози шумораи 945 аз Бандар-Аббос ба мақсади шаҳри муқаддаси Машҳад мерафт. Ҳавопаймо соъати яку 45 дақиқаи баъд аз зуҳр дар фурудгоҳи Машҳад фурд омад. Ба далоиле, ки ҳанӯз барои мо равшан нест, ҳавопаймо самти чап ҳаракат кард, аз бонди парвоз берун шуд ва оташ гирифт."


Телевизюни давлатии Эрон қаблан гузориш дода буд, ки чархи ин ҳавопаймо дар ҳоли фуруд мунфаҷир шуд. Оқои Содиқӣ мегӯяд, ки созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон барои таҳқиқи ин ҳодиса як гурӯҳи коршиносон ташкил кардааст.


Нуруллоҳ Ризоии Ниёракӣ, раиси созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон ба хабаргузории Меҳр гуфтааст, ки ин ҳодиса ба далели иштибоҳи халабон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG